
Дар доираи сиёсати маорифпарварона ва ҷавононпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста барои таҳкими сатҳи донишандӯзӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва илмии донишҷӯён тадбирҳои судманду амалӣ меандешад. Ин гуна иқдомҳои созанда боиси баланд гардидани нуфузи Донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардидаанд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати олимпиадчиён ва роҳбарони онҳо, имрӯз (22.05.2025) дар толори фарҳангии Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури роҳбарият, устодон ва донишҷӯён баргузор шуд, дастаҳои олимпии Донишгоҳ ва роҳбарони илмии онҳо бо ифтихорномаҳои раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни суханронии худ ғолибон ва роҳбарони онҳо, аз ҷумла иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, самимона табрик намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни ин ҳамоиш ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» низ қадрдонӣ гардиданд. Бо ифтихор гуфта шуд, ки ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи устодони Донишгоҳ, роҳбарони илмӣ ва заҳмату кӯшишҳои самимонаи худи донишҷӯён мебошанд.
Баъди анҷоми чорабинӣ, бо ҳадафи густариши маърифати сиёсиву таърихӣ ва ифтихори миллӣ дастаҳои олимпӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.