ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА ҚАДРДОНИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР ҶАМЪБАСТИ КУРСИ «ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

64

2 июни соли 2025 дар толори IT PARK DUSHANBE маросими ҷамъбасти курси омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзид.

Дар ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид, беш аз 100 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла донишҷӯёни- ҷавонони фаъоли Донишгоҳи миллӣ ширкат карданд. Аз ҷониби масъулин донишҷӯёни фаъол, ки дар давоми нимсолаи гузашта дар курс ширкат доштанд, қадрдонӣ гардида, ба онҳо шаҳодатнома ва дипломҳои хатм супорида шуданд.