ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ТЕНИСИ РӮЙИ МИЗ

22

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ мусобиқаҳои варзишии тениси рӯйи миз байни устодону кормандони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ роҳандозӣ гардидааст.

Имрӯз, 23 июни соли 2025, дар маросими ифтитоҳи мусобиқа намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ, аз ҷумла Кумитаи иттифоқи касаба, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи тарбия, бахши кор бо ҷавонон ва масъулини кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ширкат варзиданд. Дар суханронӣ зикр гардид, ки мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуда, то 25 июн идома хоҳад ёфт.

Ҳадафи асосии баргузории ин мусобиқа таҳкими дӯстӣ ва рафоқат байни устодону кормандон мебошад. Ин иқдом барои баланд бардоштани руҳияи ҷамоавӣ ва ташвиқи фаъолиятҳои варзишӣ дар Донишгоҳ нақши муҳим мебозад.

Гуфта шуд, ки ба дастаҳои ғолиб Ҷом, диплом ва маблағи пулӣ тақдим карда мешавад.