НАМОЯНДАГОНИ ДМТ ДАР ТРЕНИНГИ ШУРОИ БРИТАНИЯ

18

Рӯзҳои 24-26-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Шурои Британия ва Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тренинги омӯзишии лоиҳаи “Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ” барои муаллимони забони англисии 10 донишгоҳи Тоҷикистон гузаронида шуд. Тренинг ба мавзуи “Муколамаи сиёсати донишгоҳҳо оид ба омодасозии омӯзгорони ояндани забони англисӣ” бахшида шуда буд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Файзуллоев К.С, мудири кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Наврузшоев Б.Х. ва ассистенти кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Гиёев Ф.Қ муаррифӣ намуданд.

Дар рафти тренинг мушовирони Шурои Британия, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон буданд, методу равишҳои навини омӯзиши забони англисиро ташвиқ карда, барои таҷдиди назари барномаҳову силлабусҳои фанни забони англисӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, дар рафти тренинг муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британия Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварда, бо ширкаткунандагони тренинг суҳбатҳои озод гузарониданд. Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҷабзода Фаридун низ дар рӯзи дуюми тренинг озими донишгоҳи зикршуда гашта, бо намояндагони Донишгоҳ мулоқот намуданд.