ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

17

Имрӯз (03.10.2025) бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгор дар толори бошукуҳи Донишгоҳ ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши пуршукуҳ аҳли раёсати Донишгоҳ, садорати факултетҳо, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, дотсент Раҷабзода Ф.К. ифтитоҳ ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ дар бораи нақшу ҷойгоҳ ва мартабаи омӯзгор дар ҷомеа ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки мақому мартабаи омӯзгор пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, ин гувоҳи қадрдонии пайваста нисбат ба заҳматҳои омӯзгорон мебошад. Ҳамин аст, ки дар даврони Истиқлол рисолату масъулияти омӯзгор бештар гардида, ӯ ҳамчун раҳнамо дар ҷомеа шинохта мешавад. “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад”- афзудаанд Пешвои миллат

Сипас, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика, профессор Абдусалом Мирализода бо маърӯзаи фарогир ва пурмуҳтаво баромад намуда, дар бораи ҷойгоҳи омӯзгор дар рушди маънавии ҷомеа андешаҳои ҷолиб баён дошт.Таъкид дошт, ки муаллим ақлу виҷдон ва эҳсоси масъулияти ҷомеа аст. Пешаи омӯзгорӣ ҳамчун пойдевори иморати фарҳанг ва маънавият шинохта мешавад ва омӯзгор бо дониш ва ахлоқи худ роҳи ҷомеаро равшан намуда, насли ҷавонро аз ҷаҳолат ба сӯйи маърифат раҳнамоӣ мекунад.

Дар охири ҳамоиш дастаи ҳунарии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ ва як зумра ҳунармандони маъруф бо сурудҳои ватандӯстона фазои маънавии чорабиниро шукуҳ бахшиданд.