
Бо ибтикори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни фарҳангии Иди чинии нимаи тирамоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода Сафармамад, намояндаи шуъбаи робитаҳои хориҷӣ Ҳакимова Мафтуна, директорони Донишкада — аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода Маҳина ва аз ҷониби Чин Сун Ҷинг, инчунин омӯзгорон ва шунавандагон ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо сухани профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфт. Ӯ дар суханронии худ таъкид намуд, ки забони давлатӣ рукни муҳимми давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва ваҳдати халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаи боэътимоди рушди устувори он мебошад. Ҳамзамон, мавсуф ҳозиринро ба ҷашни миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин – Иди нимаи тирамоҳ табрик гуфт.

Сипас, директори Донишкада аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода Маҳина дар мавзуи Рӯзи забони давлатӣ маърӯза кард. Ӯ бо иқтибос аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба аҳаммияти забони модарӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ ишора намуда, зарурати ҳифзу рушди забони давлатиро шарҳ дод. Зикр гардид, ки забон ҳамчун падидаи фарҳангӣ аз оғоз то имрӯз барои нигоҳдории таърих, арзишҳои маънавӣ, анъана ва суннатҳои миллӣ хизмат карда, унсури муҳимми бақои миллат ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар анҷоми чорабинӣ шеърҳои классикии чиниро шунавандагон бо забони тоҷикӣ қироат намуданд. Ҳамчунин меҳмонон аз кулчақанди моҳ — таоми хоси Иди нимаи тирамоҳ — баҳра бурданд.

