ХУШХАБАР. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба қатори беҳтарин донишгоҳҳои дунё дар раддабандии Times Higher Education шомил гашт

15

Имрӯз, 9 октябр, раддабандии Таҳсилоти Олии Таймз рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои дунёро нашр кард, ки хушбахтона миёни онҳо аввалин маротиба дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯйхат шомил гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф диққати махсус дода, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тадқиқот, рушди стратегиву байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва баланд гаштани ҷойгоҳи онҳо дар раддабандиҳои байналмилалии таҳсилот таваҷҷуҳи зиёд менамоянд. Солҳои охир Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушду тавсеа ёфта, алъон дар қаламрави кишвар бузургтарин Донишгоҳ ба ҳисоб меравад ва дараҷанокии илмии омӯзгоронаш ба зиёда аз 70% мерасад. Илова бар ин ҳамасола дар Донишгоҳ ихтисосҳои нав таъсис дода мешаванд, ки мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат буда, аз ҷанбаҳои рушди устувор бархурдоранд. Саҳми роҳбарияти Донишгоҳ дар пешрафти он беназир буда, маҳз кушишу заҳматҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ аст, ки имрӯз ДМТ дар аксар раддабандиҳои бонуфузи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ворид гашта истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки раддабандии байналмилалии Таҳсилоти олии Таймз дар баробари QS ва Раддабандии академии донишгоҳҳои дунё (Шанхай Академикс), ба қатори се раддбандии бонофузтарини дунё шомил мегардад. Таҳсилоти олии Таймз – ин раддабандии донишгоҳҳо аст, ки маҷаллаи Times Higher Education нашр менамояд. Дар соли 2025, 3118 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 136 кишвари дунё, ҳамчун донишгоҳҳои беҳтарин вориди он гашт.

Меъёрҳои асосии раддабандӣ дар соли 2025

Таҳсилоти олии Таймз Донишгоҳҳоро аз рӯи 17 нишондиҳанда, ки дар 5 самт муттаҳид шудаанд, баҳо дода, холҳоро ба таври зерин тақсим менамояд:

Таълим (муҳити омӯзиш) — 29.5%

Ин меъёр бар асоси пурсиши 108 ҳазор нафар аз соҳаи таҳсилоти олӣ таҳия шудааст. Ба ғайр аз ин, он таносуби бакалаврон ва докторантонро дар Донишгоҳ ба назар мегирад. Ҳар қадаре, ки ихтисосҳои PhD зиёд бошад, ҳамон қадар холҳои Муассисаи таҳсилоти олӣ зиёд мегардад.

Самти мазкур нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:

Обрӯи тадрис – 15%

Таносуби омӯзгорон ва донишҷӯён – 4,5%

Таносуби докторони PhD ва бакалаврон – 2%

Таносуби теъдоди омӯзгорони унвондор ба ҳайати академии донишгоҳ – 5,5%

Даромади молии донишгоҳ – 2,5%

Муҳити тадқиқотӣ — 29%.

Чун меъёри пешина, обруву эътибори Донишгоҳро ба воситаи пурсиш баҳо медиҳанд. Инчунин маблағҳое, ки Донишгоҳ барои тадқиқот ҷудо менамояд, аҳамияти хос доранд. Теъдоди таълифот низ, ки ба як олим рост меояд, ба назар гирифта мешавад.

Ба ин самт нишондиҳандаҳои зерин шомиланд:

Обрӯи тадқиқот -18%

Даромади тадқиқот -5,5%

Самаранокии тадқиқот – 5.5%

Сифати тадқиқот – 30%. Ин меъёр таъсири тадқиқот дар донишгоҳи мушаххасро ба рушди илм дар маҷмӯъ чен мекунад. Барои ин, онҳо ба индекси иқтибосҳо дар базаи Elsevier Scopus аҳамият медиҳанд.

Нишондиҳандаҳои асосии ин самт чунинанд:

Сатҳи иқтибосоварӣ – 15%

Қудрати тадқиқот – 5%

Сатҳи баланд ва бартарии тадқиқот – 5%

Таъсири тадқиқот – 5%

Чашмандози байналмилалӣ — 7.5%. Чи қадаре ки донишҷуён ва омӯзгорони хориҷӣ дар донишгоҳ зиёд бошад, ҳамон қадар раддабандии он баланд мегардад.

Нишондиҳандаҳои самт:

Ҳиссаи донишҷӯёни хориҷӣ – 2,5%

Ҳиссаи омӯзгорони хориҷӣ – 2,5%

Ҳамкориҳои байналмилалӣ -2,5%

Саноат – 4%. Ин самт даромади Муассисаи таҳсилоти олии касбиро аз ҳисоби истифодаи ихтироот ва инноватсияи он аз ҷониби ширкатҳо инъикос менамояд. Самти мазкур инчунин омода будани соҳибкорону ширкатҳоро барои маблағгузории тадқиқот ифода намуда, қобилияти донишгоҳро барои ҷалб намудани маблағҳо дар бозори тиҷорат муайян месозад. Инчунин самти мазкур теъдоди патентҳоеро меомӯзад, ки дар асоси тадқиқотҳои дар донишгоҳ анҷомшуда асос ёфтаанд.

Самт дорои нишондиҳандаҳои зерин мебошад:

Даромади саноатӣ -2%

Патентҳо -2%:

Дар ояндаи наздик роҳбарияти Донишгоҳ азм дорад, ки дар дигар раддабандиҳои бонуфуз ва муассири дунё ворид гашта, обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардорад.

Ғаффорзода И.Ғ. муовини ректорИ ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Файзуллоев К.С. сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ