Миллати тоҷик бо фарҳанги меҳмоннавозӣ ва ташаббусҳои инсондӯстонаи худ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҳратёр гардида, ҳамасола дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе даҳҳо чорабиниҳо ва саммитҳои байналмилалию минтақавии сатҳи баланд баргузор мегардад. Баргузории Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе бори дигар аз мавқеи устувори ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ва истиқболи кишварҳои ба мо бародар хабар медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз рӯзҳои нахусти истиқлол дар меҳвари сиёсати хориҷии худ қарор дода, то имрӯз ин равобит марҳала ба марҳала рушд намуда истодааст. Ҳузури сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ дар саммити навбатӣ дар Душанбе паёмади сиёсати муваффақи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, бори дигар симои миллати тоҷик ҳамчун миллати меҳмоннавоз муаррифӣ гардид.
Имрӯз боиси сарфарозист, ки дар қалби тоҷикон сарони ҳашт кишвари ба мо дӯсту бародар ба ҳам омада, роҷеъ ба масъалаҳои мухталифи минтақа ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ гуфтушунид анҷом медиҳанд. Махсусан, имзои созишномаҳо дар бахшҳои мухталиф бо Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия ва Қирғизистон заминаи боз ҳам устувор гардидани муносибатҳоро гузошта, кафолат медиҳад, ки дӯстӣ ва ҳампаймонӣ бо ин кишварҳо таҳким ёбад.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 8-уми октябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе истиқбол гирифта, шоми дӯстии ду давлат дар сатҳи баланд баргузор гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.
Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ Федератсияи Русияро ба ҳайси шарики асосии стратегӣ эътироф намуда, дар тамоми самтҳо муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст. Ширкати се рӯзаи Президенти Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки миёни ду давлати дӯсту бародар эътимод ва боварӣ дар сатҳи олӣ қарор дорад. Ташрифоти ҳамасолаи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баёнгари равобити қавӣ ва эътирофу эътимод ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати тоҷик мебошад. Аз омӯзиши таҷрибаи муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар бармеояд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидан Русияро ҳамчун шарики боэътимоду стратегӣ ҳисобида то имрӯз марҳала ба марҳала ин муносибатҳо боз ҳам мустаҳкамтар шудаистодаанд. Дар нишасти матбуобтии рӯзи 9-уми октябр баргузор гардида муҳтарам Владимир Путин Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарики боэтимод ва боварибаш дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, ҳамкориҳоро бо кишвари Русия муҳим арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо дар масъалаи дастгирии табодули академӣ, ташаббусҳои муштараки тадқиқотӣ ва баргузории форумҳои зиёиёни эҷодкор ва аҳли илм ба созиш расидем.
Дар ин радиф, зарурати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи наздикшавии мардумони мо, бахусус ҷавонон, таъкид гардид. Дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Вазъи минтақа муфасал баррасӣ гардида, ба таҳдиду хатарҳои терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд. Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳоро барои муборизаи самаранок бо ин таҳдиду хатарҳо таъкид намуданд. Зимнан ба ҳамёрии ҳамоҳангшуда ва судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Зарурати таҳкими ҳамёрӣ дар соҳаи омодасозии кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус, инчунин, мутахассисони ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ таъкид гардид. Дар баробари ин, доир ба таҳкими ҳамёрӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар онҳо кишварҳои мо мавқеи наздик доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз рӯйи мулоқоту музокирот бастаи муҳимми санадҳои дуҷониба оид ба соҳаҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, санадҳо дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки онҳо заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи ҳамёриро дар ин самт таҳким мебахшанд, ба имзо расиданд. Дар ин замина таъкид гардид, ки ҳамкории ҷонибҳо дар масъалаҳои муҳоҷират дар фазои созанда пеш меравад.
Бояд гуфт, ки 9-уми октябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор шуд. Дар макони чорабинӣ – Кохи ҳамоишҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро як-як гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд. Дар толори бошукуҳи Саразм Ҳамоиши дуюми Осиёи Марказӣ – Русия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд. Нахуст, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон – меҳмонони воломақомро самимона ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия мусоидат менамояд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад. Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки қарорҳои аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима қабулшаванда ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби Осиёи Марказӣ – Русия замина мегузорад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия нишон медиҳад.
Ҳамчунин, 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд”. Зарурати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҳам таъкид карда шуд.
Ба масоили рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Сарони давлатҳо барои бештар фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ, изҳори алоқамандӣ намуданд.
Дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва маориф ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа, табодули афкор сурат гирифт. Дар доираи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон таъкид гардид.
Ҳамчунин, дар ҳошияи баргузории самит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони дигар кишварҳои аъзо гуфтушунид анҷом дода, созишномаҳои зиёд ба имзо расид.
Ҳамин тавр, баргузории Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе паёмади бисёр муҳим ва сарнавиштсоз барои мардумони ҳама давлатҳои аъзо буда, имкон медиҳад, ки муносибатҳо боз ҳам густариш ёбанд.
Раҷабзода Фаридуни Кишвар – дотсент,
муовини авввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим
