АҲАММИЯТИ ТАЪРИХИИ БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

18

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ қадамҳои устувор гузошта, бо кишварҳои хориҷӣ дар доираи созмону ташкилотҳо муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст. Махсусан, дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Сарвари давлат муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи манфиатҳои милллӣ ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар судманд сурат гирифта истодааст. Баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ дар шаҳри Душанбе ва раёсати Тоҷикистон дар он паёмади сиёсати муваффақи Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Имрӯз мо ҳамагӣ шоҳидем, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ бо ҳама кишварҳои ҷаҳон равобитро дар доираи ҳифзи манфиатҳои башарӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ба роҳ мондааст. Дар доираи сиёсати муваффақи хориҷӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Бояд иброз намуд, ки дар маҳалли баргузории ҷаласа меҳмонони олиқадрро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона пазироӣ намуданд.

Дида мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба Қасри миллат ташриф оварданд. Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ибтидо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони кишварҳо ва аъзои ҳайатҳои расмиро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, самимона хайрамақдам гуфтанд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.

Аз баромади Сарвари давлат бармеояд, ки фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.

Ҳамчунин иброз шуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардид. Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти махсус дода шуд. Дар ин замина, дар ҷаласа масоили мубрами ҳамкории муштарак дар соҳаи амният – аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм, таҳкими ҳамкории сарҳадиву низомӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳаммияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши равобтии байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки Тоҷикистон омодагии худро барои идомаи фаъолонаи талошҳо баҳри тавсеаи ин самти ҳамёрӣ таъкид менамояд.

Пешвои миллат аз ҳамаи кишварҳои иштирокдор барои мусоидати судманд дар ҷараёни раёсат ва саҳми онҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои Консепсияи раёсати Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Пешвои миллат кишвари дӯсту бародари Туркманистонро ба муносибати ба уҳда гирифтани раёсати минбаъда дар Иттиҳод табрик намуда, ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов дар татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд байни кишварҳои иштирокдори Созмон Иттиҳод хоҳони муваффақият шуданд.

Баъди суханронии расмии ҳамаи сарварони кишварҳои аъзо бо гузориши Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои дахлдор қабул карда шуд. Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои узви ИДМ, узви Шурои ИДМ оид ба ҳамкориҳои башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” эълон намуд. Пас аз маросими супоридани ҷоиза Сарвари давлати мо дар суханронии ҷамъбастӣ ба ХБҲБ ИДМ барои баҳои баланд ба дастовардҳои ӯ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ин ҷоизаро эътирофи баланди саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи ИДМ медонанд.

Ҳамин тавр, баргузор гардидани ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта он созишномаҳое, ки ба имзо расиданд, бори дигар имкон фароҳам меорад, ки муносибатҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам густариш ёбанд. Таҳкими муносиботи кишварҳои аъзои ИДМ имкон медиҳад, ки рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳам кишвари мо ва ҳам давлатҳои дигар аъзо кафолат дода шавад. Тараққиёти ИДМ аз дараҷаи рушди ҳамаи давлатҳои аъзои он вобаста мебошад.

Муродзода Н.С.,

н.и.т., дотсент, декани факултети таърихи ДМТ