(10.10.2025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе)
Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷаҳони имрӯза, ки пиёда кардани аҳдофи тиҷоратию бозаргонӣ дар афзалият қарор дорад, барномаи кории ҳеҷ созмону ташкилот ва иттиҳоде бидуни мавҷудияти бандҳои хоси иқтисодӣ амал намекунад. Барномаи кории ИДМ низ аз рӯзи аввали таъсис то имрӯз орӣ аз бандҳои хоси иқтисодӣ набудааст, зеро ҳадафи сарони ин иттиҳод ҳамеша он будааст, ки дар фазои ҳамдилӣ ва дасти мадад дароз кардан ба ҳамдигар дар кишварҳои худ рушди иқтисодиро ҳамаҷониба дар таъмин созанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста дар талоши боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад ва таъмини зиндагии шоиста барои сокинони кишварро дар авлавият қарор додааст, албатта, дар баробари таҳкими дигар соҳаҳои давлатдорӣ ба василаи узвият дар ИДМ дар талоши пурқувват сохтани пояҳои иқтисоди мамлакат аст. Аз ин лиҳоз, дар ин матлаби мухтасар талош менамоем, ки ҷанбаҳои иқтисодии дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасишударо шарҳу тавзеҳ бидиҳем.
Мавриди зикр аст, ки ин чанд рӯзи охир Тоҷикистон ба унвони мизбони Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меҳмононро дар сатҳи баланд пазируфт, ки дар ин бора расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар матолиби вежа пешниҳод карданд. Албатта, барои мо мардуми Тоҷикистон ин шеваи меҳмоннавозӣ мояи ифтихору сарфарозист, зеро алакай тоҷикон дар олам ба унвони миллати меҳмоннавоз пазируфта шудаанд. Бо чунин шеваи ҷаззобу оламгир истиқбол гирифтани меҳмонон низ орӣ аз ҷанбаҳои иқтисодӣ буда наметавонад, зеро кишваре барои ташкили чунин шеваи меҳмондорӣ қодир аст, ки дар баробари таъмини зиндагии шоиста ба мардуми хеш иқтидори иқтисодии чунин меҳмоннавозиро дорад. Бо ташкили чунин шакли меҳмоннавозӣ Тоҷикистон ҳам исбот кард, ки дар масъалаи ба шеваи шоиста пазируфтани сарони давлатҳо аз дигар давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камӣ надорад.
Хулоса, перомуни ин фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ, ки дар Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт, месазад матолиби алоҳидае иншо кард. Бо ин мақсад мавзӯи шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии баррасишуда дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро идома медиҳем.
Мавриди зикр аст, ки тибқи иттиллои “Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок доштанд. Зоҳир кардани таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, таъмини суботи энергетикӣ, пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният, ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир дар меҳвари барномаи ҷаласа қарор доштанд. Вале мо ҷанбаҳои иқтисодии ин ҷаласаро дар асоси бардошти хеш дар чанд банд хулоса мекунем:
1.Тоҷикистон дар соли 2025, ки раёсати ИДМ-ро ба уҳда дошт, тавонист, дар беҳбуди сатҳи ҷанбаҳои иқтисодии сиёсати кории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши созгор гузорад;
2.Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (10.10.2025) як саҳнаи муҳим барои муҳокима ва тасмимгирӣ дар бахшҳои иқтисод, логистика, энергетика ва ҳамгироӣ унвон гардид;
3. Ҷаласаи мазкур дар шароити мавҷудаи ҷаҳони тағйирёбанда (таъсири низоми байналмилалӣ, буҳрони молиявӣ ва тағйирёбии шабакаҳои интиқоли молҳо) муассир арзёбӣ шуд;
4.Хулосаи ҷаласаи мазкур чунин шуд: қабули қарорҳо барои афзун кардани гардиши молҳо ва содироту воридот байни кишварҳои ИДМ метавонад имкон диҳад, ки бозорҳои дохилӣ ғанитар гарданд;
5.Дар ҷаласа лоиҳаи вежаи “ИДМ Плюс” (CIS Plus) ҳамчун як шеваи нави ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди тасвиб қарор гирифт.
Месазад бо натиҷагирии ҷаласаи мазкур роҷеъ ба аҳаммияти иқтисодии он хулосабарории бештар кард. Аз ҷумла, метавон иброз дошт, ки рушди ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, истифодаи технологияҳои нав дар бахшҳои иқтисодӣ ва хизматрасониҳо, таъмини амнияти энергетикӣ ва устувории таъмини нерӯи барқ байни давлатҳои мавриди назар метавонад боиси боз ҳам боло рафтани нуфузуи ИДМ дар ҷаҳон гардад. Зеро бо дар амал татбиқ намудани инфросохтори ҳамоҳанг хароҷоти интиқоли молҳо ба кишварҳои ҳамдигар камтар шуда, рақобатпазирии маҳсулот баланд мегарадад. Тавсеаи ҳамкориҳо имкон фароҳам меоранд, ки фазои ҳуқуқии рушди иқтисодӣ барои давлатҳои узви ИДМ фароҳам биёяд. Мо бо тақвият додани шеваҳои ҳамкорӣ имкон пайдо мекунем, ки қарорҳои дар ҷаласа қабулгардидаро ба дастовардҳои воқеӣ табдил диҳем.
Давлатбахт МАҶИДЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон