
Дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии Узбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Мероси илмӣ-адабии Алишер Навоӣ ва аҳаммияти умумибашарии маънавӣ ва маърифатии он” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ, ки аҳаммияти хосаи илмӣ ва фарҳангӣ дошт, намояндагони зиёди кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш ҳайати илмӣ ва адабӣ намояндагӣ кард. Аз ҷумла, профессорон Абдунабӣ Сатторзода, Бадриддин Мақсудзода ва Низомӣ Муҳриддин дар кори конференсия фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо маросими гулгузорӣ дар пояи ҳайкали шоири бузург Алишер Навоӣ оғоз ёфт. Намояндагони кишварҳои иштироккунанда ва меҳмонони фахрӣ ба ёди ин мутафаккир гулчанбар гузошта, эҳтироми худро ба мероси гаронбаҳои ӯ иброз доштанд.
Дар расми ифтитоҳии конференсияи мазкур суханони пурарзиши намояндагони расмии кишвари мизбон ва олимони маъруф садо доданд. Профессорон ва адабиётшиносони тоҷик, аз ҷумла Бадриддин Мақсудзода ва Низомӣ Муҳриддин – устодони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар ифтитоҳ ва бахшҳои гуногуни илмии ҳамоиш маърӯзаҳо пешниҳод карданд.
Иштироки фаъолонаи устодон дар ин конференсияи байналмилалӣ нишони эҳтироми амиқ ба мероси муштараки тамаддуни шарқӣ ва саҳми арзандаи кишвар дар таҳқиқу таблиғи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии умумиинсонит.