ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

18

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун пойгоҳи асосии тарбияи мутахассисони касбии кишвар бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумат барои он муҳайё намудааст, бояд дар сатҳи баланд қарор дошта, пешоҳанги соҳаи илму маориф бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста ба рушди илму маориф ва сатҳи маърифатнокии устодону муҳаққиқон диққати махсус медиҳанд. Ҳамин аст, ки баҳри таҳкими фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани потенсиали илмии омӯзгорони ҷавон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э. С. бо устодону кормандон вохӯриҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин тадбирҳо имрӯз (07.11.2025) вохӯрии навбатӣ бо муҳаққиқони ҷавони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовинони ректор оид ба таълим ва илм, инчунин, садорати факултет ва зумрае аз мудирони кафедраҳо иштирок намуданд. Дар зимн ректори Донишгоҳ оид ба мушкилот ва дурнамои фаъолияти илмию таълимии омӯзгорони ҷавон суханронӣ намуда, нақши ҷавононро дар рушди таҳқиқоти илмӣ ва такмили раванди таълим, ба хусус сифати таҳсилот муҳим арзёбӣ намуд.

Профессор Насриддинзода Э.С. таъкид кард, ки роҳбарияти Донишгоҳ дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорони ҷавонро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ мешуморад. Донишгоҳ барои рушди қобилияти илмӣ ва касбии кадрҳои ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда, онҳоро барои иштирок дар ҳамоишҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ташвиқ мекунад.

Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳ ба зарурати баланд бардоштани савияи илмӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот ва навоварӣ дар корҳои илмӣ, нашри мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ, дифои рисолаҳои илмӣ ишора намуда, афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии илму техника нақши омӯзгорони ҷавон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа хеле муҳим аст.

Дар анҷом баҳри пешбурди фаъолияти илмию таълимӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.