ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ

13

Имрӯз (04.11.2025) дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастовардҳои илмию эҷодии устодону донишҷӯёни Донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ гардид. Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни суханронӣ дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки ташаббускори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Даста сазовори 9 ҷойи ифтихорӣ: 2 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардида, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мавқеи назаррасро соҳиб гаштааст.

Дар идомаи ҷаласа ректори Донишгоҳ декани факултети фарматсевтӣ Каримзода Фирдавсро барои тасдиқи рисолаи илмӣ ва мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Давлатзода Меҳроҷиддинро барои дифои рисолаи докторӣ самимона табрик намуданд.