ҶАМБАСТИ МУСОБИҚАИ ШАҲРИИ ШОҲМОТ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РЕКТОРИ ДМТ»

17

Имрӯз (15.11.2025) дар толори хурди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба шоҳмот байни ҳайати дастаҳои устодону кормандони макотиби олии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” доир гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Дар оғоз муовини аввал муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. иштирокчиёни мусобиқаи мазкурро самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи шоҳмот ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус устодону кормандон ва баланд бардоштани маҳорати касбии шоҳмотбозон мебошад.

Ҳамин тариқ, ҷойи якум ба дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ («Ҷоми ДМТ», Дипломи дараҷаи I ва мукофотпулӣ), ҷойи дуюм ба дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон («Ҷоми хурди ДМТ», Дипломи дараҷаи II ва мукофотпулӣ) ва ҷойи сеюм ба дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино («Ҷоми хурди ДМТ», Дипломи дараҷаи III ва мукофотпулӣ) дода шуд.

Инчунин, иштирокчиён Зебо Раҳматова, Сайдалӣ Назмишоев ва Саъдиев Маҳдӣ барои хуб бозӣ намуданашон дар ҷараёни мусобиқа бо «Ифтихорнома»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ҳамзамон, намояндагони донишгоҳу донишкадаҳое, ки дастаҳои устодону кормандонашон дар мусобиқа ширкат варзиданд, бо «Сипоснома»-и Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Нишаст бо гирифтани акси хотиравӣ ба анҷом расид.