РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

22

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо истифода аз фурсати муносиб Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба устодон, кормандон, донишҷӯёни Донишгоҳ ва дар симои онҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд.

  16-уми ноябр аз дурахшонтарин рӯзҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Дар ин рӯзи сарнавиштсоз рӯйдодҳое ба вуқуъ пайвастанд, ки ба таҳкими давлатдорӣ, суботи миллӣ ва ваҳдатсозии мардум нақши таърихӣ гузоштанд. Маҳз дар ҳамин рӯз Иҷлосияи тақдирсози таърихӣ баргузор гардид ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хос пайдо кард.

  Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи кишвар ҳамчун бузургтарин воқеаи сиёсӣ сабт шудааст. Он Тоҷикистонро аз вартаи буҳрон раҳо намуда, пояҳои давлати тозабунёди миллиро таҳким бахшид ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, сулҳ, созандагӣ ва пешрафт гардид. Ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол бо ин Иҷлосия ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.

Баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихӣ ва интихоби Пешвои миллат ба ҳайси Роҳбари давлат, рушди устувори кишвар, аз ҷумла пешрафти соҳаи илму маориф, дар асоси сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайваста оғоз ёфт. Аз ин лиҳоз, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузург, заҳмати шабонарӯзӣ ва сиёсати беназири Пешвои миллат мебошад. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик бо ифтихор ва боварӣ дар атрофи Президенти худ муттаҳид буда, бо азми қавӣ барои рушди Ватан, ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.

     Мо вазифадорем, ки ба корнамоиҳои Пешвои миллат арҷ гузорем, муттаҳид бошем ва бо дониш, малака ва маърифати баланд дар баробари таҳдидҳои ҷаҳони муосир устуворона мубориза барем.

     Бори дигар солгардии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи таърихӣ муборак бошад!

Бо эҳтиром,

раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон