ДАСТОВАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ ЗАБОНОМӮЗӢ

18

Дар сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси забондон яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад. Дар ин замина, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон тадбирҳои муассир роҳандозӣ намудааст.

Маҳз ҳамин талошҳои пайваста боис гардид, ки дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии забони чинӣ (аз 14 то 16 ноябри соли равон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин) миёни донишкадаҳои Конфутсийии кишварҳои ҷаҳон Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати байналмилалии “Беҳтарин маркази имтиҳонии забони чинӣ дар соли 2025” сарфароз гардонида шуд.

Ин дастоварди арзишманди байналмилалӣ на танҳо ифтихори Донишгоҳ, балки далели эътирофи сатҳи баланди таълим ва заҳмати содиқонаи омӯзгорони мост. Ин муваффақият боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими нуфузи Донишгоҳи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Ба тамоми устодон, кормандон ва донишҷӯёни арҷманди Донишгоҳ бо камоли эҳтиром муборакбод мегӯем ва орзумандем, ки чунин комёбиҳо дар солиёни оянда боз ҳам бештар гарданд.