ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

6

Таҳти ин унвон имрӯз (21.11.2025) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷашнҳое мебошад, ки симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Таъкид шуд, ки ҳар рамзе, ки дар Парчами давлатии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, мазмуну муҳтавои хоси худро дорад. Агар аз як тараф дар онҳо принсипи таърихият ва гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик инъикос ёфта бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, илмӣ ва дигар арзишҳое, ки дар тули таърих вуҷуд доштанд ва имрӯз низ мавриди эҳтиром қарор доранд, таҷассум меёбад.

Ба таъкид Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад». «Пас, Парчами миллӣ рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба хотири ҳаёти арзанда ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ равона менамояд», — афзуд ректори Донишгоҳ.

Дар ҷараёни ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарофуддинов Суҳроб ва номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҷабов Имомиддин, профессорон Мирзо Солеҳ ва Шаҳбоз Кабиров суханронӣ намуда, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ализода Абдурашид аз осори адибони муосир порчаҳои шеърӣ низ қироат кард.

Зимнан гуфта шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии мамлакатро эҳтиром намояд ва ба ин рукни муқаддас арҷ гузорад. Зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ- ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.