Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намудааст.
Бо ин мақсад имрӯз (03.12.2025) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР, IAAR)) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба Донишгоҳ ташриф оварда, барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.
Қабули меҳмонон аз ҷониби масъулини Донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Қаблан комиссияи экспертӣ бо ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ ва масъулин вохӯрӣ намуд. Дар зимн гуфта шуд, ки 11 ихтисос: баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, тадқиқоти геологӣ, иктишофи геологӣ ва иктишофи конҳои фоиданок, информатика, забонҳои муосири хориҷӣ (англисӣ), филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, стоматалогия (дараҷаи бакалавр), яъне аз рӯйи панҷ кластер аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.
Кори комиссияи экспертӣ тибқи барнома аз вохӯрӣ бо ректор, роҳбарияти Донишгоҳ, суҳбатҳо бо сардорони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва садорати факултетҳои марбутаи Донишгоҳ оғоз ёфт, ки дар он экспертони хориҷӣ низ тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок доранд.
Таъкид менамоем, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани шаҳодатномаи мутобиқатро доро мебошад.
Мақсади асосии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг бақайдгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, муайян намудани сифати таҳсилот ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани онҳо мабошад. Дар сурати дар қайди ин агентӣ будан дипломи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар қаламрави дигар кишварҳо эътироф карда мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз аввалин агентиҳои аккредитатсионӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва мақоми баландро соҳиб гардидааст. Агентӣ соли 2011 таъсис ёфта, моҳи декабри соли 2017 аз ҷониби Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ эътироф, моҳи ноябри соли 2016 мақоми узви ассотсиатсияи аврупоӣ доир ба сифати таҳсилоти олӣ (ENQA)-ро соҳиб ва 20-уми июни соли 2017 дар рӯйхати таъмини сифати таҳсилоти олии Аврупо дохил гардидааст ва ин имконият медиҳад, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг аккредитатсияи байналмилалиро доир намояд.
Кори комиссияи экспертӣ идома дорад…














