АНҶОМИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲО БА ОМӮЗГОРОН

16

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро барои омӯзгорон дар равияи “Педагогика ва психология” бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон баргузор намуд.

Ҷамъомади тантанавии тақдими дипломҳо барои иштирокчиёни курси такмили ихтисос дар Донишкада баргузор шуд. Дар ҷамъомад роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Шумораи умумии иштирокчиёни курс 28 нафарро ташкил медод, ки онҳо аз муассисаҳои мухталиф, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ буда, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Барои тадриси курс омӯзгорони соҳибтахассус, аз қабили профессор Юнусова Н., Мираллизода А., дотсент Назирӣ Л., Латифзода С. ва Ҳамроева Н. дарс гуфтанд.

Баргузории чунин курсҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар аҳамияти калон дорад.