ҲХДТ – АМАЛИСОЗИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

12

Имрӯз (10.12.2025) бахшида ба 31-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани табрикотии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. оғоз ёфт.

Муовини ректор зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки бо ташаббус ва роҳнамоиҳои дурандешонаи Пешвои миллат 10-уми декабри соли 1994 дар ҳаёти сиёсии мамлакат таҳаввулоти бузурги тақдирсоз барои сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагии халқ, суботу оромии кишвар ва ҳамрайъии мардуми ин сарзамин ба вуқуъ пайваст. Яъне дар ин санаи басо муқаддас бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардид.

Хидмати бузург ва арзишманди Пешвои миллат ҷиҳати таъсиси ин ҳизби мардумӣ дар он аст, ки новобаста аз вазъи мураккаби замон, дар андешаи бунёди ҳизби халқие буданд, ки тавонад мардуми мамлакат, яъне аз шаҳрванди қаторӣ то олимону донишмандон, коршиносону сиёсатмадоронро муттаҳид сохта, барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони кишвар саҳму талош варзанд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Каримзода Н. афзуд, ки талошу пайкорҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ буд, ки новобаста аз шароити бисёр ҳассосу хатарнок бо мақсади наҷоти миллат Истиқлоли тоҷикон ҳифз карда шуд. Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои тақдирсоз ба ҳайси наҷотбахши миллату давлати тоҷикон баромад намуда, тамоми ҷомеаро, пеш аз ҳама, ба ваҳдату муттаҳидӣ даъват намуданд.

Дар зимн, инчунин, устодони Донишгоҳ Шарифзода Ҷ., Раҳмонзода М. ва Асозода С. суханронӣ карда, зикр намуданд, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ нақши хеле калон дорад. Таҷриба нишон дод, ки ҲХДТ ба мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат табдил ёфта, ба сифати заминаи асосии омода намудани мутахассисони донишманди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баромад карда, барои рушду тарақиёти Ватани азизамон нақши арзандаи худро мегузорад.