Имрӯз (16.01.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии аввалин бонуи суханвари адабиёти тоҷику форс, шоир Робияи Балхӣ ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш дар доираи қабул шудани қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии нахустин шоираи забардаст ва соҳибдевони тоҷик Робияи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои 2026-2027 гузаронида шуд.
Ҳамоиш бо cадо додани Суруди миллӣ ва cухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд: қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели равшани эътирофи ҷойгоҳи хоси мероси маънавию фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Ин рӯйдоди таърихӣ самараи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат, талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ, пос доштани хотираи бузургон ва пайванди маънавии гузашта бо имрӯз, имконият фароҳам оварданд, ки мероси шахсиятҳои нодири мо, аз ҷумла Робияи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардад.
Зикр шуд, ки дар ҷилди якуми китоби Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» низ ҳангоми баррасии шоирони давраи Сомониён аз Робияи Балхӣ ёд шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ба мероси адабии занони суханвари тоҷик шаҳодат медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИТ Султон Баротзода доир ба мавзуи “Робияи Балхӣ – нахустин шоираи соҳибдевони тоҷик”, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология Мақсудзода Бадриддин оид ба мавзуи “Робияи Балхӣ – шоири ошиқ ва озодманиш”, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳ Низомӣ Муҳриддин роҷеъ ба мавзуи “Зиндагиномаи Робияи Балхӣ ба ривояти шайх Аттори Нишопурӣ” ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони факултети филологияи руси Донишгоҳ Робия Раҳимова доир ба мавзуи “Робияи Балхӣ – поягузори анъанаҳои занонаи поэтикаи адабиёти тоҷику форс” маърӯзаҳо намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Робияи Балхӣ дар асри 10 зиндагӣ кардааст. Ӯ нахустин зани шоири форсигӯйи замони Сомониён ва Рӯдакӣ маҳсуб ёфта, ҳам ба форсӣ ва ҳам ба арабӣ эҷод кардааст. Гуфта шуд, ки дар сатҳи ЮНЕСКО таҷлил гардидани 1050-солагии Робияи Балхӣ аз шинохти дурусти сухани дилангези ин модари шеъру адаби порсии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
Дар зимн ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки дар остонаи таҷлили 1050-солагии Робияи Балхӣ зарур медонем, омӯзиш ва пажӯҳиши рӯзгор, осори шоир дар миёни муҳаққиқони ҷавон васеъ ба роҳ монда шавад. Бо ҷалби муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бояд нақши ин бонуи суханвар дар ташаккул ва рушди шеъри тоҷикӣ ҳамаҷониба таҳқиқ гардад.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмӣ омода аст дар ин раванд саҳми фаъол гузошта, ташкили ҳамоишҳои илмӣ, нашри таҳқиқоти бунёдӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва муаррифии мероси Робияи Балхиро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тақвият бахшад. Зикр шуд, ки бузургдошти Робияи Балхӣ на танҳо арҷгузорӣ ба як шахсияти таърихист, балки арҷгузорӣ ба мақоми зан, ба забону адаби миллӣ ва ба арзишҳои волои фарҳангии миллати тоҷик мебошад.
Ҳамоиш бо барномаи фарҳангӣ хотима ёфт, ки дар он устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Ифтихор Дамдодов аз осори шоирони классик порчаҳои шеърӣ сароиданд.











