Аз 2 то 14 феврал Ҳакимова Мафтуна -сардори бахши идоракунии лоиҳаҳои шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ ва Шарипов Амриддин -мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ дар барномаи KCCP, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) маблағгузорӣ мегардад, иштирок намуда истодаанд.
Дар доираи сафари корӣ иштирокчиён бо таҷрибаи пешқадами Ҷопон дар самти навсозии иқтисодиёт, рушди инноватсия ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва таҳсилот шинос хоҳанд шуд.
Барнома боздид аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон – Тсукуба, Васэда ва Ритсумейканро дар бар мегирад. Зимни ин боздидҳо таҷрибаи татбиқи амалии ҳалли инноватсионӣ, ҳамкории илм, маориф ва истеҳсолот, инчунин, механизмҳои тиҷоратӣ гардонидани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.











