Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Чорабинии мазкур аз 6 то 10 апрели соли 2026 идома ёфта, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор мегардад.
Фестивали мазкур яке аз муҳимтарин майдонҳои муаррифии имкониятҳои таҳсилоти олӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои академӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷ ба шумор рафта, дар он намояндагони кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.
Дар ин чорабинии бонуфуз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ бо иштироки фаъолонаи намояндагони сохторҳои гуногуни худ ширкат варзида, имкониятҳои таълимӣ, илмӣ, инноватсионӣ ва байналмилалии Донишгоҳро барои довталабон, ҷавонон ва меҳмонони фестивал муаррифӣ менамояд.
Дар доираи намоишгоҳ гӯшаи махсуси муаррифии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он маълумот оид ба факултетҳо, ихтисосҳо, шароити таҳсил, имкониятҳои рушди илмӣ, фаъолияти байналмилалӣ, инчунин имкониятҳои ҷалби донишҷӯён ба муҳити муосири таълим ва инноватсия пешниҳоди иштирокчиён ва меҳмонон карда мешавад.
Иштирок дар чунин фестивалҳо барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ аҳаммияти хосса дошта, барои барқарор намудани робитаҳои нави ҳамкорӣ, табодули таҷриба, таҳкими муносибатҳои академӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба таҳсилоти босифат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии кишвар иштироки худро дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, онро омили муҳимми таҳкими мавқеи илмӣ ва таълимии Донишгоҳ дар фазои таҳсилоти муосир медонад.











