ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КОПЕНГАГЕН (ДАНИЯ)

15

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳайати Донишгоҳи давлатии Копенгаген (Дания), устодон Нина Шмидт ва Клаус Валлинг вохӯрӣ намуданд. Мақсади вохӯрӣ густариши ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забонҳо, аз ҷумла забони форсӣ ва рушди барномаҳои табодули академӣ буд. Зикр гардид, ки ҳамкории донишгоҳҳо аз соли 2022 оғоз шуда, дар ин муддат табодули академӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ гардидаанд.