МАСЪАЛАҲОИ ҒАЙРИКЛАССИКИИ НАЗАРИЯИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛӢ ВА ИНТЕГРАЛӢ

17

Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои ғайриклассикии назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур олимону муҳаққиқони варзидаи ҷумҳурӣ, устодону донишмандон, шоирон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рушди илмҳои риёзиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, технология ва идоракунии муосирро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки рушди илмҳои дақиқ, бахусус математика, яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори илмӣ-техникии давлат ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ, нақши фанҳои риёзӣ дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир беш аз пеш муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, зарурати пайвастани илм бо истеҳсолот, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ махсус таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни конференсия қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар сиёсати давлатии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятнок эътироф шуда, барои рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, такмили заминаҳои моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба рушди илм, дастгирии олимону муҳаққиқон, таҳкими мактабҳои илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пажуҳишӣ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлоли давлатӣ маънидод гардид. Таъкид шуд, ки маҳз тавассути рушди илму маърифат ва истифодаи васеи технологияҳои муосир метавон барои пешрафти устувори ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар заминаи боэътимод гузошт.

Дар раванди ҳамоиш арҷгузорӣ ба фаъолияти илмии профессор Сатторов Абдуманон Сатторович нишонаи эҳтиром ба мактаби илмии миллӣ ва саҳми олимони тоҷик дар рушди математикаи муосир назаррас арзёбӣ гардид. Зеро осори илмӣ ва фаъолияти омӯзгории эшон дар тарбияи насли нави муҳаққиқон нақши арзанда бозидааст.

Конференсия ҳамчун минбари муҳими илмӣ барои табодули афкор, мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни муҳаққиқону мутахассисон арзёбӣ гардида, барои муайян намудани самтҳои нави таҳқиқотӣ ва рушди минбаъдаи илмҳои риёзӣ заминаи мусоид фароҳам овард.