РУШДИ ИЛМИ ФИЛОЛОГИЯ ВА ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

9

Имрӯз, (20.05.2026) бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи факултети филологияи рус конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пайвандагӣ ва навоварӣ дар забони русӣ дар даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори конференсия омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва декани факултети филологияи рус, дотсент Икромзода Х.И. ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳамияти забони русиро дар фазои илмиву таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд. Қайд гардид, ки забони русӣ дар таҳкими ҳамкориҳои байнифарҳангӣ, рушди таҳсилоти гуманитарӣ ва пешрафти илми филология нақши муҳим дорад.

Дар идомаи ҳамоиш маърӯзаҳои илмии иштирокчиён пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова дар мавзуи «Китобҳои дарсии насли нав», профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи рус Садуллоджон Негматов дар мавзуи «Дастовардҳо ва пирӯзиҳои Истиқлол», профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Гулчеҳра Хоҷиматова дар мавзуи «Китобҳои дарсии забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ», профессори кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ Меҳриниссо Нагзибекова дар мавзуи «Рушди методикаи таълими забони русӣ ҳамчун илм дар шароити Истиқлол» ва профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ Лола Рӯзиева дар мавзуи «Анъана ва навоварӣ дар забони русӣ» суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо масъалаҳои марбут ба равишҳои муосири таҳия ва такмили маҷмуаҳои таълимию методӣ, рушди низоми маориф ва илм дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, такмили методикаи таълими забони русӣ, дурнамои рушди он дар заминаи сиёсати давлатии маориф, инчунин ҳифзи арзишҳои забонӣ ва татбиқи равишҳои инноватсионӣ дар раванди омӯзишу таълим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.