Имрӯз (04.09.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Дастовардҳо ва дурнамои рушди илми ватанӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини пешрафти устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадов С.М., сухани ифтитоҳӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи давлатдории тоҷикон буда, маҳз ба шарофати он дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Зикр шуд, ки тамоми дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла пешрафти соҳаи маориф, натиҷаи сулҳу суботи комили сиёсӣ, ваҳдати пойдори миллӣ ва сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебошанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш иброз доштанд: «Тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд».
Дар идомаи суханронӣ ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои муҳимми глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хос пайдо намудааст. Аз ҷумла, дар соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид ду қатъномаи муҳим қабул намудааст: 25 июн қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ва 31 август қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод.
Дар конференсия оид ба дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки 35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои Донишгоҳи миллӣ марҳилаи рушди устувор, таҷдиди инфрасохтор, таъсиси ихтисосҳо ва факултетҳои нав, бунёду ба истифода додани озмоишгоҳҳои муосир ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра бо татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ иқтидори зеҳнӣ ва техникии Донишгоҳ тақвият ёфта, барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амал заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Аз ҷумла, Озмоишгоҳи илмию таълимии «Таҳлил ва назорати сифати маҳсулот», ки чанде қабл дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, намунаи равшани таваҷҷуҳи хос ба рушди заминаҳои илмӣ-таълимии Донишгоҳ мебошад.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати ДМТ Абдураҳмон Қурбонов, дар мавзӯи «Илм дар шароити истиқлоли давлатӣ: дастовардҳо ва дурнамо», доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии ДМТ Манучеҳр Сулаймонзода, дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ», доктори илмҳои химия, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Абдулхайр Бадалов, дар мавзӯи «Раванд ва тафсироти термодинамикии таҷзияи кристаллоҳидратҳои уранил», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии ДМТ Ҷумахон Тағоев, дар мавзӯи «Рушди инноватсионии КАС: тамоюлҳо ва мушкилоти он дар давраи соҳибистиқлолии кишвар» маърӯзаҳо намуданд.
Дар маърӯзаҳо масъалаҳои муҳими рушди илми ватанӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, нақши илм дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм ва дурнамои рушди онҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом доир ба аҳамияти рушди минбаъдаи илми ватанӣ, истифодаи самараноки натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот таъкид гардид.








