ОЗМОИШГОҲИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ «ТАҲЛИЛ ВА НАЗОРАТИ СИФАТИ МАҲСУЛОТ» ДАР ДМТ

12

Имрӯз (04.09.2026) дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмию таълимии «Таҳлил ва назорати сифати маҳсулот мавриди истифода қарор дода шуд.

Озмоишгоҳи илмию таълимии «Таҳлил ва назорати сифати маҳсулот» дар заминаи кафедраи химияи таҳлилии факултети химия таъсис ёфта, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020–2040 мавриди истифода қарор гирифт.

Озмоишгоҳи мазкур ҳамчун пойгоҳи муосири илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ-амалӣ барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, корҳои лабораторӣ, курсӣ ва хатмкунӣ, корҳои дипломӣ ва магистрӣ, таҳияи рисолаҳои диссертатсионӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти химияи таҳлилӣ, стандартизатсия ва назорати сифати маҳсулот хизмат хоҳад кард.

Яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси озмоишгоҳ таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва истифодаи имкониятҳои илмӣ-таҳлилӣ дар ҳалли масъалаҳои амалии соҳаҳои гуногун мебошад. Дар ин замина муайян намудани таркиб ва сифати ашёи хом, назорати сифати маҳсулоти нимтайёр ва тайёр, муайян намудани нишондиҳандаҳои физикӣ-химиявӣ ва химиявии маҳсулот ва арзёбии мутобиқати онҳо ба талаботи стандартҳои амалкунанда пешбинӣ мегардад.

Дар озмоишгоҳ гузаронидани таҳлилҳои химиявӣ, физикӣ-химиявӣ ва инструменталӣ ба роҳ монда шуда, барои таҳқиқи намунаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо, об, ашёи хоми истеҳсолӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи доруворӣ, маҳсулоти саноатӣ ва дигар объектҳои дорои аҳамияти илмӣ ва истеҳсолӣ имконият фароҳам оварда мешавад.

Бо истифода аз усулҳои муосири таҳлил, аз ҷумла титриметрӣ, гравиметрӣ, фотометрӣ ва спектрофотометрӣ, рефрактометрӣ, потенсиометрӣ, кондуктометрӣ, флуориметрӣ, атомӣ-абсорбсионӣ, фотометрияи алангавӣ, сенсорҳои химиявӣ ва тест-усулҳо муайян намудани консентратсияи моддаҳо, ионҳо ва элементҳои химиявӣ, инчунин дигар нишондиҳандаҳои сифати маҳсулот анҷом дода мешавад.

Пояи моддию техникии озмоишгоҳ истифодаи спектрофотометри UV-1800, флуориметр, кулонометр, рефрактометр ва дигар таҷҳизоти муосири ченкунандаву таҳлилиро дар бар мегирад. Таҷҳизоти мазкур барои гузаронидани таҳлилҳои дақиқ, иҷрои корҳои таҷрибавию таълимӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Озмоишгоҳ дар самти такмили таълими амалӣ низ нақши муҳим хоҳад дошт. Донишҷӯён дар раванди корҳои лабораторӣ тарзи дурусти намунагирӣ ва намунатайёркунӣ, кор бо таҷҳизоти муосири таҳлилӣ, интихоби усули мувофиқи таҳлил, гузаронидани ченкуниҳо, коркарди натиҷаҳо ва баҳодиҳии дақиқию эътимоднокии онҳоро меомӯзанд.

Ба роҳ мондани корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон, докторантон, унвонҷӯён, кормандони илмӣ ва омӯзгорон низ аз самтҳои муҳимми фаъолияти озмоишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина барои таҳия ва такмили усулҳои нави таҳлил, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири назорати сифат ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот имкониятҳои зарурӣ фароҳам меоянд.

Ҳамзамон, дар дурнамои фаъолияти озмоишгоҳ ба роҳ мондани хизматрасонии илмӣ-таҳлилӣ ва густариши ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, химиявӣ, корхонаҳои коркарди ашёи хом, муассисаҳои назорати сифат ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ пешбинӣ мегардад.

Чунин ҳамкорӣ барои назорати мунтазами сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр, муайян намудани нишондиҳандаҳои технологӣ ва сифатӣ ва қабули қарорҳои асоснок дар раванди истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, донишҷӯён ва муҳаққиқон имконият пайдо мекунанд, ки масъалаҳои воқеии истеҳсолиро дар корҳои илмӣ ва таълимии худ мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Дар маҷмӯъ, Озмоишгоҳи илмию таълимии «Таҳлил ва назорати сифати маҳсулот» метавонад ҳамчун маркази илмӣ, таълимӣ ва амалии химияи таҳлилӣ барои муайян намудани сифат ва бехатарии маҳсулот, назорати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр, ҳалли масъалаҳои таҳлилӣ дар истеҳсолот, рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи назорати сифати маҳсулот хизмат намояд.

Ин иқдом барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти химияи таҳлилӣ, стандартизатсия ва назорати сифати маҳсулот, рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ ва истифодаи натиҷаҳои илм дар ҳалли масъалаҳои амалии истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 10 озмоишгоҳи илмӣ ва 32 озмоишгоҳи таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии таълим ва илм, қисми зиёди озмоишгоҳҳои факултет азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир ва маводи зарурии химиявӣ таъмин карда шудаанд.