Ахбор

40-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ТО ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ

6 дақ. хондан

Имрӯз (02.11.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқ семинари илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он роҳбарият, омӯзгорон, муҳаққиқони Донишгоҳ иштирок намуданд.

Семинарро ректори Донишгоҳ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба аҳаммияти сиёсиву иҷтимоии ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла истиқлолу озодӣ, инчунин ватансозиву давлатсозӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлату Ҳукумат муайян намудаанд.

Таъкид шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус панҷ соли охир, бо заҳмати содиқона ва иқдомҳои созанда дар роҳи ободонии Ватан, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ бозгӯи дастовардҳои назарраси кишвар ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта мебошад.

Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз идомаи мантиқии сиёсати созандагӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани ҳадафҳои дарозмуддати рушди кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина таъкид гардид, ки омодагӣ ба таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки соли 2031 таҷлил мегардад, бояд аз имрӯз оғоз гардида, ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими худшиносии миллӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат такони тоза бахшад.

Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус Шарифзода Фазлиддин Шариф дар мавзуи «40-солагии Истиқлоли давлатӣ: идомаи сиёсати созандагӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» (дар ҳошияи тавзеҳоти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») маърӯза намуд.

Зимни маърӯза иброз гардид, ки таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо як санаи муҳимми таърихӣ, балки марҳалаи нави масъулият ва сафарбарии ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар ин раванд, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аз ҷумлаи самтҳои муҳим ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ Назарзода Аваз Қуватович дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ ва хусусиятҳои хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» маърӯза намуда, масъалаҳои ҳуқуқии истифодаи неруи барқ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза, бо дарназардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, масъалаи истифодаи оқилона, пешгирии талафот ва таъмини низоми муназзами ҳисоббаробаркунӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Аз ин рӯ, риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон вазифаи муҳимми ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Дар идома доктори фалсафа (Ph.D.), дотсент, сардори раёсати илм Самадов Рамазон дар мавзуи «Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ: талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷиҳати қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти барқӣ» маърӯза намуда, доир ба аҳаммияти риояи меъёрҳои амалкунанда, истифодаи дурусти таҷҳизоти барқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сарфакории неруи барқ андешаронӣ кард.

Таъкид гардид, ки истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи он, пешгирии талафоти беҳуда ва истифодаи таҷҳизоти каммасраф аз ҷумлаи омилҳои муҳимми таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошанд.

Зикр шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар баробари истифодаи неруи барқ масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, бо дарки аҳаммияти захираҳои энергетикӣ аз онҳо самаранок истифода намояд. Зеро сарфакорӣ на танҳо ба беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ, балки ба коҳиш ёфтани хароҷоти оилавӣ, ҳифзи захираҳои энергетикӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ, иштирокчиёни семинар иброз доштанд, ки таҷлили шоистаи 40-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, риояи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд ва иштироки фаъолонаро тақозо менамояд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ректори Донишгоҳ профессор Насриддинзода Э.С. вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба масъулин ҷиҳати риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ, ободонию сабзгардонии муҳити Донишгоҳ ва вусъат бахшидани корҳои созандагӣ супоришҳои дахлдор доданд.