Имрӯз (09.11.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ҳамоишро ифтитоҳ намуда, нақши сарнавиштсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар наҷоти давлату миллат, барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори мамлакат таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки дар марҳалаи ҳассосу тақдирсози таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол иродаи устувори сиёсӣ, азму ҷасорат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои ҳифзи якпорчагии кишвар, эҳёи давлатдории миллӣ ва сарҷамъ намудани мардуми Тоҷикистон нақши ҳалкунанда гузоштанд. Таҳти роҳбарии Сарвари давлат таҳкими асосҳои конститутсионии давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон таъмин гардид.
Дар ҳамоиш ходимони давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Ғайбулло Авзалов суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ, расидан ба сулҳу оштии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлол андешаронӣ карданд. Хотироту мулоҳизаҳои иштирокчиёни бевоситаи рӯйдодҳои таърихӣ ба дарки амиқи сабақҳои давлатдорӣ ва арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд.
Дар маърӯзаҳо саҳми Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ мавриди таҳлилу арзёбии илмӣ қарор гирифт.
Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид намуданд, ки омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат дар шинохти роҳи таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дарки арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан аҳаммияти хосса дорад.
