Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон рӯзҳои 1-ум ва 2-юми октябри соли ҷорӣ мусобиқаи кушод оид ба бозии шашка байни ҳайати дастаҳои бонувони сохторҳои таркибии Донишгоҳи милии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз ҷонби Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи шашка ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни устодону кормандон ва баланд бардоштани маҳорати касбии шашкабозон мебошад.
Ғолибони мусобиқа: ҷойи аввал – дастаи бонувони факултети геология, ҷойи дуюм – дастаи бонувони Институти илмию татқиқотӣ, ҷойи сеюм – дастаи бонувони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамзамон, ҷойи чорум – дастаи бонувони Маркази тестӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бо сипоснома, мукофотпулӣ ва Ҷоми ректори ДМТ қадрдонӣ гардиданд.