Ахбор

ТАЪКИДИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ, РИОЯИ ҚОНУН ВА АРҶГУЗОРӢ БА ИЛМУ ДОНИШ ДАР ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ

6 дақ. хондан

Имрӯз (19.11.2026) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки сардори шуъбаи ҳуқуқ Шерзода Б., мудири шуъбаи тарбия Сулаймонзода М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Қодирзода С. ва дигар намояндагони дахлдори Донишгоҳ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳифзи амнияти миллӣ, таҳкими суботу оромии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм, ифротгароии динӣ ва паҳншавии ақидаҳои тундравона ба амнияти давлатҳо таъсир мерасонанд, ҷавонон бояд дорои ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури солим, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ бошанд. Зеро гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, фазои маҷозӣ ва усулҳои гуногуни таблиғотӣ мекӯшанд ба шуури ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба доми ғояҳои бегонаву хатарноки худ ҷалб намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаи муносибати ҷавонон ба илму дониш, истифодаи самараноки вақт ва иҷрои масъулиятҳои донишҷӯӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як донишҷӯ аз худ намудани донишҳои муосир, иштирок дар машғулиятҳои таълимӣ, сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани техникаву технологияҳои навин ва омода намудани худ ба бозори меҳнат мебошад.

Дар ин замина, зарурати риояи тавозуни ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ низ мавриди таъкид қарор гирифт. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва пайравӣ ба динро кафолат дода, ҳамзамон ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро ба таҳсил эътироф менамояд. Аз ин рӯ, риояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба озодии эътиқод бояд бо эҳтиром ба уҳдадориҳои таълимӣ ва талаботи низоми таҳсилот ҳамоҳанг бошад.

Дар ин робита, ба суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора карда шуд, ки ҷавононро ба истифодаи самараноки вақт, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ ҳидоят менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки ҷавонон бояд забонҳои хориҷӣ, технологияҳои замонавӣ ва зеҳни сунъиро дар сатҳи баланд омӯзанд ва худро барои зиндагии шоиста ва ояндаи ободи Тоҷикистон омода созанд.

Ҳамзамон, тибқи моддаи 21 Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар таҳрири амалкунандаи тасдиқшуда), ки уҳдадориҳои донишҷӯёнро муайян менамояд, риояи талаботи Оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва ҷадвали машғулиятҳо аз ҷумлаи масъулиятҳои донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, зарурати муносибати ҷиддӣ ба раванди таълим ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи Донишгоҳ таъкид гардид.

Дар идома, бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои озодии виҷдон, хусусияти дунявии давлат ва низоми маориф, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии ифротгароии динӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, №489, озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин кафолат дода шуда, ҳама шаҳрвандон новобаста аз муносибаташон ба дин дар назди қонун баробаранд. Ҳамзамон, тибқи муқаррароти ҳамин қонун, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, таҳсилот дар муассисаҳои таълимии давлатӣ хусусияти дунявӣ дорад.

Инчунин, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 тасдиқ гардидааст ва бо тағйироти минбаъда амал мекунад, яке аз санадҳои муҳими муайянкунандаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар ин соҳа мебошад. Дар он таъмини озодии виҷдон, таҳкими пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ, эҳтироми байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун ва пешгирии таассубу ифротгароӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ шудаанд.

Дар баробари ин, ба масъалаи ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои фаъолияти террористию экстремистӣ ва дастгирӣ ё паҳн намудани ғояҳои чунин гурӯҳҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808 заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти хатарнокро муайян менамоянд.

Ҳамчунин, қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 «Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026–2030 ҳамчун қадами муҳим дар тақвияти фаъолияти пешгирикунанда ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ниҳодҳои давлатӣ дар ин самт арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки ҷавонон бояд дар интихоби манбаъҳои иттилоотӣ ҳушёру зирак бошанд, ба таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ, даъватҳои шубҳанок ва ваъдаҳои бардурӯғ фирефта нашаванд, иттилооти дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншавандаро аз нигоҳи мантиқӣ ва ҳуқуқӣ таҳлил намоянд ва дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои ҷалбкунӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ иброз гардид, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат вазифаи муштараки ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҷавонон бояд бо донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, эҳтироми қонун, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши муассир гузоранд.