Ахбор БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ 11.03.2022 1 дақ. хондан Муддатест, ки бо дастури роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ устодону донишҷӯён аз Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ боздид ба амал меоранд. Имрӯз (11.03.2022) бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Каримова Х. ба донишҷӯён оид ба фаъолияти муаасиса иттилоъ дода, зимнан аз толорҳои хониш, шуъбаи адабиётҳои хориҷӣ, шуъбаи матбуоти даврӣ, шуъбаи хизматрасонӣ барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ тамошо намуданд. Ҳамзамон, номбурда ҷиҳати анҷом додани корҳои курсӣ ва дипломӣ пешниҳодҳои судманд намуд. Зимни суҳбат гуфта шуд, ки донишҷӯён метавонанд аз имкониятҳои Китобхонаи миллӣ самаранок истифода баранд.
Ахбор АЗ ТАҲКИМИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТО ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 23.10.2026 Имрӯз (23.10.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии ректори Донишгоҳ узви вобастаи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон…
Ахбор ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИКИСТОН: МАСОИЛИ МУБРАМ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА 23.10.2026 Имрӯз (23.10.2026) бо ташаббуси кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар…
Ахбор ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 22.10.2026 Санаи 22 октябри соли 2026 дар заминаи кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,…
Ахбор ИНТИЗОМ, МАЪРИФАТ ВА МАСЪУЛИЯТ – ОМИЛИ КАМОЛОТИ ДОНИШҶӮ 22.10.2026 Бо мақсади таҳкими корҳои таълимию тарбиявӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги донишандӯзӣ, инчунин ташаккули…