Ахбор

ПАНҶ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ»

1 дақ. хондан

Имрӯз даври шаҳрии озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ҷамъбаст шуд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар давраи мазкур иштирок намуда, бо соҳиб шудани чор ҷойи ифтихорӣ (1 –ҷойи якум, 3 – ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) миёни муассисаҳои таҳсилот олии касбӣ соҳиби ҷойи намоён гардиданд.

ҶОЙИ ЯКУМ:

Ҳуҷамқулова Шукрона – донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносӣ, аз рӯйи номиннатсияи «Қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти кишвар».

ҶОЙИ ДУЮМ:

-Насриддинова Раъно – донишҷӯйи факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аз рӯйи номиннатсияи «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти кишвар»;

-Пирова Гулафзо – магистранти факултети ҳуқуқшиносӣ, аз рӯйи номиннатсияи «Қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти кишвар»;

– Рустамова Омина – донишҷӯйи факултети журналистика, ҳамзамон, корманди ТВ, аз рӯйи номиннатсияи «Қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти кишвар».

ҶОЙИ СЕЮМ:

Каримзода Шаҳром – донишҷӯйи факултети журналистика, аз рӯйи номиннатсияи «Қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти кишвар».

Ғолибият муборак!