Имрӯз (23.10.2026) бо ташаббуси кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геологияи Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Масоили мубрами геологии Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамсарҳади он» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи татбиқи ташаббусҳои муҳимми давлатӣ дар самтҳои рушди илм ва маориф, саноат, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия доир шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи геология, омӯзиши захираҳои табиӣ ва муайян намудани роҳҳои истифодаи самараноки онҳо доир гардид.
Зимни ифтитоҳи конференсия сардори шуъбаи ахбори илмию техникии Раёсати илми Донишгоҳ Равшан Абдуллозода, оид ба аҳаммияти рушди илмҳои геологӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, иқтисодиёт ва саноат, заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ омӯзиши захираҳои табиӣ, рушди илму техника ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва омода кардани мутахассисони баландихтисос барои пешрафти соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ, аз ҷумла геология, аҳаммияти хосса дорад.
Таъкид шуд, ки геология дар рушди иқтисоди миллӣ мавқеи муҳим дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор дорои захираҳои назарраси маъданӣ, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, обҳои зеризаминӣ ва дигар сарватҳои табиӣ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи сарватҳои зеризаминӣ, истифодаи оқилонаи онҳо, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хатарҳои геологӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми олимону мутахассисони соҳа ба шумор мераванд.
Дар идомаи конференсия иштирокдорон ба масъалаи истифодаи технологияҳои муосир ва усулҳои инноватсионӣ дар таҳқиқоти геологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Қайд гардид, ки истифодаи имкониятҳои геоинформатика, моделсозии рақамӣ, таҳлили маълумоти фосилавӣ ва низомҳои интеллектуалӣ метавонад ба баланд бардоштани сифату самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва корҳои истеҳсолӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи хоси ҷуғрофӣ, релефи мураккаби кӯҳӣ ва сохтори гуногунҷанбаи геологӣ дорои имкониятҳои васеи захиравӣ мебошад. Захираҳои маъданӣ, металлҳои ранга ва нодир, металлҳои қиматбаҳо, ашёи хоми саноатӣ, сангҳои ороишию қиматбаҳо ва обҳои зеризаминӣ аз ҷумлаи сарватҳои муҳимми табиии кишвар ба шумор мераванд. Омӯзиши амиқи илмӣ ва истифодаи оқилонаи ин захираҳо метавонанд ба рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
