Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо

Нақши техникаи ҳисоббарор дар ҷаҳони муосир баҳо надорад. Онро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти инсон, аз ҷумла кайҳон, энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия ва алоқа васеъ ба роҳ монда шудааст.

Кафедраи МҲСШ соли 2006 таъсис ёфта, то ин ҷониб мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 40020100 «Мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо» тайёр менамояд.

Ҳар як донишҷӯ пас аз курси сеюм интихоби таълим дар зинаҳои зерин дорад:

1. Маълумоти олӣ аз рӯи барномаи бакалавр (4 сол).

2. Маълумоти олӣ аз рӯи барномаи мутахассис (5 сол).

3. Пас аз гирифтани дипломи бакалавр ё мутахассис, ба магистратура аз рӯи барномаи «махсуси стандарти давлатӣ (мувофиқ ба имкониятҳои ДМТ интихоб мешавад)» дохил шудан.

Донишҷӯён фанҳои тахассусии зеринро меомӯзанд: назарияи автоматҳо; схемотехникаи МЭҲ; ташкили МЭҲ, комплексҳо ва системаҳо; шабакаи МЭҲ ва мӯҳити телекоммуникатсионӣ; системаҳои оператсионӣ; васоити таҷҳизотҳои МЭҲ; таъминоти системаҳои программагӣ; технологияи барномасозӣ ва ғайраҳо. Дар курсҳои болоӣ донишҷӯён фанҳои тахассусиро меомӯзанд: моделсозии равандҳои физикӣ, ирсоли системаҳои маълумотӣ; асосҳои техники МЭҲ (схемаҳои техникӣ).

Тибқи маълумотҳои фанҳои тахассусӣ хатмкунандагон дар бозори иқтисодӣ ба кор таъмин карда мешаванд. Алалхусус тайёр намудани муҳандисони соҳаҳои лоиҳакашии дастгоҳҳои рақамӣ, усулҳои омӯзиш ва омодасозии барномаҳои амалӣ имрӯз амри воқеї ҳаст.

Донишҷӯёни ихтисоси мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо ба таҳқиқотҳои илмӣ дар кафедра сафарабар карда мешаванд. Равияи асосии илмӣ дар кафедра технологияи барномасозӣ, моделсозии равандҳои физикӣ, корҳои васлкунии системаҳо ва шабакаҳо мебошанд.

Дар назди кафедра таълим дар аспирантура мавҷуд аст, ки дар он хатмкунандаҳои беҳтарин ҷалб карда мешаванд.       Хатмкунандагон, дар сохторҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, бонкҳо, шабакаҳои мобилӣ фаъолият доранд.

Аз соли 2010 донишҷӯёни беҳтарин дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, таълимро дар хориҷи кишвар давом медиҳанд. Ҳар сол теъдодӣ муайяни донишҷӯи барои иҷрои корҳои дипломӣ ва таҷрибаи истеҳсолӣ ба донишкадаю донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода мешаванд

НАЗАРЕ АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Раванди бошитоби информатсиякунонии ҷомеаи муосир, ки ба татбиқи васеи комёбиҳои информатика ва техникаи компютерӣ асос меёбад, дар назди маорифчиён вазифа мегузорад, ки муҳассилинро барои фаъолияти ояндаи касбии онҳо ҳамаҷониба тайёр намоем. Мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ технологияи компютерӣ аз соҳаҳои сохтории системавӣ иборат аст, тайёр кардани мутахассисон бояд мутобиқи ин стандартҳо сурат гирад.

Маҳз барои қонеъгардонии талаботи бозори меҳнати имрӯза соли 2003 бо ташаббуси раёсати ДМТ ва садорати факултети физика ихтисоси «мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо» кушода шуд ва дар заминаи он соли 2006 кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо таъсис дода шуд. Сарварии кафедраро аз рӯзи таъсисёбиаш дотсент Х.Ш.Ҷӯраев ба уҳда дорад. Ҳоло дар кафедра ҳамагӣ 7 нафар устодони штатӣ, аз ҷумла Х.Ш.Ҷӯраев- мудири кафедра, Ҳ.Ҳ.Мӯминов – узви вобастаи АИ ҶТ, профессор, И.Маҳмудов – н.и.ф.м., муаллими калон, З.Ш.Асомиддинов – муаллими калон, З.С.Норматов – ассистент,

Ш.Восидов – ассистент, С.И.Мараҷабов – ассистентфаъолиятитаълимӣваилмиюметодӣменамоянд.

Айни ҳол дар факултет аз рӯи ин ихтисос бештар аз 141 нафар донишҷӯ дар курсҳои 1-5 ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар кафедра таълими фанҳои информатика, барномасозӣ, назарияи автоматҳо, графикаи муҳандисӣ, математикаи ҳисоббарорӣ, системаҳои амалиётӣ (оператсионӣ), технологияи барномасозӣ, шабакаҳои МЭҲ ва телекоммуникатсия, асосҳои назарияи идора ва ғайра ба тариқи дарсҳои лексионӣ ва лабораторию амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Кафедра бо ташкилотҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз он ҷумла Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Институти математикаи АИ ҶТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва хориҷӣ ба монанди Лабораторияи технологияи информатсионии Институти муттаҳидии тадқиқотҳои ҳастаӣ, шаҳри Дубна, Федератсияи Россия. (ташкилоти баналмиллалӣ), Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии шаҳри Чилябенски Федератсияи Россия, Институти технологии Массачусетс, шуъбаи ҳисоби квантӣ ИМА, шаҳри Кембриҷ, алоқаи илмию корӣ барқарор кардааст. Корҳои илмии кафедра самтҳои моделсозӣ, назария ва амалияи наздиккунонии ҳалли муодилаҳои физикаи математикиро дар бар мегиранд.