декани факултет
д.и.ф.м, дотсент
Одинаев Р.
Факултети Механикаю матиматика соли 1948 баробари таьсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И . Ленин физикаю математика ба шуъбаи математика низ ба фаъолият шуруъ кард. Дар соли нахустини фаъолият дар шуъбай математика 14 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.
Соли 1965 дар асоси ин шуьба факултети механикаю матиматика таьсис дода шуд, ки дар ҳайати 3 кафедра амал мекард ва дар он ҳамагиӣ 215 нафар донишҷўён таҳсил менамуданд. Аввлин декани факултет профессор Мухторов С.Н. сарварии факултетро ба уҳда дошт. Дар ин солҳо дар факултет якчанд шуьбаҳо, кафедраҳои тахассусӣ ва ихтисосҳои нав таьсис дода шуданд ва факултет ба яке аз калонтарин ва бонуфузтарин факултетҳои донишгоҳ мбадал гардид.
Минбаьд сарварии факултетро дотсент Муртазоев Д.М. (1980-1982), профессор Раҷабов Н. (1983-1985), дотсент Ғафуров Н. Ғ. (1985-1990), дотсент Маликов Ҳ.М. (1990-1995), дотсент Ҷобиров А.Қ. (1996-2000), профессор Мустафоқулов Р. М. (2001-2007), дотсент Зокиров С.Ҳ. (2007-2008), ба ўҳда доштанд. Аз соли 2009-2014 сарвари факултет дотсент Мирзое С.Ҳ. буд. Айни замон декани факултет Одинаев Р. мебошад.
Дар давоми фаъолияти факултет қариб 6 000 мутахассиси варзидаро дар соҳаи илмҳои математика ва информатика тайёр намудааст. Хатмкунвндагони мо дар пажуҳишгоҳои илмӣ-тадқиқоти, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонию олии касбӣ ва дигар муассисаҳои илмии нафақат ҷумҳуриямон, балки берун аз он низ кору фаьолит ва адои хизмат карда истодаанд. Аз байни онҳо зиёда аз 300 нафар соҳиби унвонҳои илмии докторон ва номзадҳои илм гардидаанд. Мо аз он ифтихор дорем ки чунин олимони машҳури соҳаи матиматика ва информатика, ки натиҷаҳои илмиашон дар тамоми ҷаҳон маьлум мебошанд, ба монанди академикони АИ ҶТ Ҷўраев А. Ҷ., Раҷабов Н.Р., Шабозов М. Ш., узви воситаи АИ ҶТ Стетсенко В. Я., Муҳаммадиев Э. Ҳ., Раҳмонов З. Ҳ., Қурбонов И. К., профессор Собиров Т. С., Бобоев Г. Б., Юнусӣ М. Қ., Сафаров Ҷ. Х., Ҷангибеков Г., МустафоҚулов Р., Исматӣ М., Исмоилов Д., Байзоев С., Комилов Ф., Нуров И. И. ва дигарон дастпарварони факултети мо мебошанд.
Ҳоло дар шуьбаҳои математикаи умумӣ- 31030102 (таҳсилоти рўзона ва ғоибона), математикаи амалӣ-31030302 (таҳсилоти рўзона ва ғоибона), механика- 31030202 (рўзона), информатика- 31030400 (таҳсилоти рўзона ва ғоибона) ва амнияти компютерӣ- 98010101 (рўзона) зиёда аз 1000 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар факутет 8 кафедраҳои тахасусӣ 1) Информатика- Комилов Ф., 2)Таҳлили матиматики ва назарияи функсияҳо Қодиров Ғ., 3)Технологияи иттилооти ва иртиботӣ Ҷумаев Э., 4)Таҳлили функсиянали ва муодилаҳои дифиренсиялӣ Ҷурахонов О., 5) МТМ Ғафоров С., 6) Алгебра ва назарияи ададҳо Бобоёров Ш., 7) Математикаи ҳисоббарори ва механика Садулоев Р., 8) Моделсозии математика ва низоми иттилоотӣ Нуров И. амал карда истодаанд, ки дар онҳо аз руи 10 тахасус мутахасисон тайёр карда мешаванд. Дар ин кафедраҳо ҳамагӣ 7-8 нафар устодон ба корҳои таьлиму тадрис ва илмию тадқиқӣ машғуланд, ки аз онҳо 1 нафар узви вобаста, 3 нафар узви пайвастаи АИҶТ, 7 нафар доктори илм ва 40 нафар номзади илм мебошад.
Дар факултет аз рўи 1 самт, 8 – проблема ва 8- мавзўъ корҳои илмӣ- тадҚиҚотӣ бурда мешавад. Ҳар сол аз тарафӣ кормандони факултет зиёда аз 100 мавзуъ мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, монографияю дастурҳои таълими методӣ ва фишурдаҳои мавзўҳо дар конференсияҳою семинарҳои сатҳҳои гуногун ба табъ расонида мешавад.
Дар назди факултет магистратура, аспирантура ва доктарантура амал менамояд.
Дар натиҷаи фаъолияти худ имруз факултет ба яке аз марказҳои эътирофшудаи тайёр намудани кадрҳои педагокӣ дар соҳаҳои математика ва информатика табдил ёфтааст.