Кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика

742

ЗАРИФЗОДА САРВАР ҚАҲРАМОН – мудири кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент.

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Соли 2001 ду кафедра: кафедраи математикаи амалӣ ва кафедраи механика ва усулҳои ададӣ муттаҳид гардида, минбаъд кафедра номи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаро гирифт.

Кафедраи математикаи ҳисоббарориро дар солҳои гуногун дотсентон Тошбоев В.Х. (1967-1977) , Самандаров Э.Г. (1978-1988) ва Шерматов Н. (1988-2001) роҳбарӣ намудаанд.

Сарварони кафедраи механика ва усулҳои ададӣ дотсентон Ҳасанова М.Ҳ. (1967-1977) ва Алиев Б.А. (1977-2001) буданд.

Роҳбарони кафедраи навтаъсиси математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаро дотсент Садуллоев Р.И. (2001-2008; 2013-2018) ва профессор Шерматов Н. (2008-2012) ба дӯш доштанд.

Айни хол сарварии кафедраро н.и.ф.м., дотсент Зарифзода С.Қ. ба ӯҳда дорад.

Барои хондани курсҳои махсус ва рҳбарӣ намудан ба корҳои курсию дипломӣ олимони намоён аз академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз дигар мактабҳои олӣ ҷалб мегарданд. Чунончи, Михайлов Л.Г., Усмонов З.Ҷ., Очилдиев А.И., Исмоилов М.А., Улмасов Н.У., Ҳаитов Т.И., ва дигарон. Ҳамзамон олимони намоён Хованский Г.С., Тарко А.М., Фармонов А.С. барои хондани курсҳои махсус даъват шуда буданд.

Кафедра ба олимони институтҳои АИ ҶТ, ба монанди Институти математика ба номи А.ҷураев , Институти химия ба номи В.И.Никитин, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории зичи илмӣ дорад.

Дар назди кафедра аспирантон таҳсил менамоянд, ки онҳо хатмкардагони факултет ва дигар донишкадаҳо мебошанд. Аз рӯи ду ихтисоси кафедра: усулҳои ададӣ ва механика ҳар сол 40-50 нафар донишҷӯ донишгоҳро хатм менамояд.

Яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти кафедра кор бо донишҷӯ мебошад. Натиҷаи заҳмати устодони кафедра мебошад, ки чанде аз донишҷӯёни мо солҳои гуногун дар олимпиадаҳо аз математика ва информатика дар сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Саҳми устодони пешбари кафедра дар навиштани китоб, васоити таълимию методӣ калон аст. Аз тарафи онҳо монография, чандин китобҳои дарсӣ ва васоитҳои таълимию методӣ бо забони давлатӣ барои донишҷӯён навишта шудааст.

Барои интишори маводи таълимӣ (2006-2010) профессор Алиев Б.А. бо ҷоизаи призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуда буданд. Аз рӯи натиҷаҳои бадастовардаи илмӣ дотсентон Абдукаримов М.Ф. (с.2015) ва Зарифзода С.Қ. (с.2018) ба ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардидаанд.