ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР DUSHANBE GRAND SLAM 2024

66

Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои шаҳрдории кишвар дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе чорабиниҳои байналмилалии гуногуни илмию фарҳангӣ ва варзишӣ доир мегарданд. Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ “Dushanbe Grand Slam 2024” оид ба ҷудо аз ҷумлаи чунин чорабиниҳои пуршукӯҳ мебошад. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони тоҷик аз руйи вазнҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ “Dushanbe Grand Slam 2024” оид ба ҷудо устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Боиси хушнудист, ки ду нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳ дар мусобиқаи мазкур иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд.

#Темур_Раҳимов – донишҷӯи курси 2-юми маълумоти дуюми олии факултети ҳуқуқшиносӣ, дар вазни +100 кг соҳиби медали нуқра ва ҷойи 2-юм.

#Муҳаммадҷон_Абдуҷалилзода – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисоди ҷаҳонии факултети молиявию иқтисодӣ, дар вазни -90 кг соҳиби медали биринҷӣ ва ҷойи 3.

Ғолибият муборак бошад!