ВОКУНИШ

10

«Ёддоштҳо»-и донишманди бузург, сиёсатмадори варзида С.Ятимов имрӯз китоби саридастии аҳли дониш гаштааст ва хушбахтона, дар саҳифаҳои фейсбукӣ ҳам намунаҳои он ҷой дода мешаванд, ки хеле хонданбобанд.

Ба қариби ёддоште аз вохӯрии муаллифи китоб бо як шахси хеле самимиву паҳлавони номии ноҳияи Рӯшон – Девлохпаҳлавон дар саҳифаи фейсбукӣ хондам, ки бо истеъдоди хосаи нависандагӣ рӯйи коғаз оварда шудааст. Бо забони хеле соддаву зебо, тасвирҳои хеле аҷоиб ва мақсади хеле наҷиберо ба қалам додааст.

Ду марди ҷавону тануманду паҳлавон, ду соҳибномуси миллат  Девлохи Рӯшонӣ  ва Сафари Кӯлобӣ пас аз рақобати байниҳамӣ ва ҷангу ҷидолҳои ҷавонони солҳои 70-80-уми асри гузашта ба хотири амну амонии дигарон дасти дӯстӣ ба ҳам доданд, ки аз мардонагиии онҳо шаҳодат медиҳад ва муаллиф қайд мекунад:

“Бо ҳамин Девлох бо Сафар оштӣ мекунанд. Ҷӯра мешаванд. Баъди ин рақобати эҳсосотии бачаҳои кӯҳистон барҳам мехӯрад.”

Ана ҳамин навиштаи муаллиф хеле асос аст. Мақсад аз овардани ин воқеаи реалӣ бахшида тавонистан аст, ки муаллиф онро хеле олиҷанобона ба қалам додааст. Зеро дар хуни мардуми тоҷик мафҳуми “бахшидан” абадан ҷой дорад. Бахшидан худ як ҷавонмардист, ки на ҳар кас метавонад, рақиби худро бахшад. Бахшиш бошад роҳи асосии ҳалли муноқишаву низост. Ҳамин аст мардонагиву мардӣ.

Мамадалӣ Бахтиёров – сокини ноҳияи Рӯшон