Ректори ДМТ

rectorРектори Донишгоҳи мииллии Тоҷикистон, академики  Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, академики Академияи  илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия, доктори илмҳои филологӣ, профессор

ИМОМЗОДА МУҲАММАДЮСУФ САЙДАЛӢ

       Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ 28-уми  апрели соли 1959 дар ҶумҳурииТоҷикистон  таваллуд шудааст. Ӯ соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз лаборанти калони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон (солҳои 1981-1984) оғоз карда, сипас солҳои 1984-1985 муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М. Горкии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Солҳои 1985-1991 Имомзода М.С. аввал аспирант, сипас дар вазифаи ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1990 ӯ дар мавзӯи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ менамояд.

Профессор Имомзода М.С. аз соли 1991 баъди хатми аспирантура дар Донишгоҳи миллӣ то соли 2004 дар вазифаҳои муаллим, муовини декани факултети филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ва декани факултети филология кор кардааст.

           Профессор Имомзода М.С. мунтазам ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва методӣ низ машғул гардида, соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докториро бо муваффакият дифоъ менамояд. Имомзода М.С. муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти тоҷик мебошад.

Осори илмию методии профессор Имомзода М.С. аз қабили «Масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик» (1998), «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001), «Таърихи Сиистон» (2014) ба масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд.

Адабиётшиноси маъруф, мунаққиди адабиёт, профессор Имомзода М.С. дар адабиётшиносии муосир мақому мартабаи хоса дорад ва саҳми ӯ дар рушди улуми филологӣ беназир аст. Пажӯҳишҳои илмию назарии ӯ масоили мубрами таърих ва назарияи адабиёт ва ҳамчунин нақди адабӣ, адабиётшиносии киёсӣ, назарияи тарҷума ва дигар ҷанбаҳои назму насри бадеиро фаро мегирад. Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажӯҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёнгузорӣ шуд.

Фаъолияти ташкилотчигӣ ва илмӣ-омӯзгории профессор Имомзода М.С.ро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004 ӯро ба вазифаи ректори Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ва соли 2012 роҳбари бузургтарин донишгоҳи кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин намуданд. Дар муддати роҳбари ҳайати кормандони Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Руссия ва Донишгоҳи миллии Точикистон дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, пойдории робитаҳои дӯстии байни миллатҳо, чи дар сатҳи кишвар ва чи дар сатҳи минтақавӣ саҳми беандоза гузоштаанд.

Ҳангоми роҳбарии худ профессор Имомзода М.С. дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон барои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия ва, ҳамчунин самарабахшии сифати таълими забони русӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он, ҳамчунин дар Федератсияи Руссия саҳми бориз гузоштааст. Дар ин даврон дар назди Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон Бунёди “Русский мир” боз гардида, Форуми хатмкардагони донишгоҳҳои Федератсияи Руссия бо унвони “Илм ва маориф” ва бо ширкати зиёиёну олимони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ гузаронида шуд. Дар доираи барномаи мақсадноки федеролӣ таҳти унвони “Русский язык” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Маркази таҳсилоти байналмиллӣ дар Тоҷикистон Рӯзҳои забони русӣ гузаронида шуд. Дар даврони сарварии профессор Имомзода М.С. се маркази бузург, ки бо масоили гуногуни кишварҳои ИДМ машғул мешаванд, бо унвони “Маркази пажӯҳишҳои геополитикӣ”, Маркази “Шарқ - Ғарб” ва “Маркази забони тоҷикӣ” дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва таъсис дода шуд.

Профессор Имомзода М.С. яке аз бунёдгузорони маҷаллаи илмии “Ҷустуҷӯҳои адабӣ” буда, дар саҳифаҳои он мақолаҳои беҳтарину арзишманди илмии олимони варзидаи адабиётшиносиро ба нашр расонидааст ва дар баробари ин мақолаҳои басо арзишманди худро дастраси олимону толибилмони соҳаи фарҳангу адабиёт намудааст.

Профессор Имомзода М.С. дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон пайваста саҳми арзанда мегузорад ва солҳои тӯлонӣ мавсуф ба ҳайси раиси Шӯрои дифои рисолаҳои илмї фаъолият намудааст. Таҳти сарварии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва 13 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд.

Аз моҳи августи соли 2012 то имрӯз профессор Имомзода М.С. сарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ин муддат тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии донишгоҳї, ки танзимкунандаи ҷараёни таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ њастанд, аз ҷониби мутахассисони соҳаҳо омода гашта, дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон баррасӣ ва бо фармонҳои ректори донишгоҳ тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.

Имомзода М.С. профессори фахрии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.

Барои  саҳми беандоза дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи илму маориф профессор Имомзода М.С. академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогии Федератсияи Россия интихоб шудааст.

Барои хизматҳои шоён ва арзанда дар назди халқу ватан, саҳми беандоза дар рушди дӯстиву ҳамкориҳои сатҳи байналмилалӣ дар миёни кишварҳои гуногун профессор Имомзода М.С. бо ордени “Дӯстӣ” (2011), «Ифтихорнома»-и Комитети Иҷроияи ИДМ (2011), «Ифтихорнома»-и Шӯрои ҳамкориҳои соҳаи маориф дар кишварҳои ИДМ сарфароз гардонида шудааст.  Соли 2012 профессор Имомзода М.С. ба дараҷаи “Ходими хизматнишондодаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия” сазовор гардид.

Имомзода М.С. дар интихоботи парлумони соли 2015  ба ҳайси узви  Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пазируфта шуда, ҳамчун Раиси Кумитаи палатаи болоии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org