ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

514

Имрӯз (26.06.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар қисми аввали чорабинӣ маърӯзаҳои ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. «Ормоне, ки ба воқеият табдил шудааст», мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикии факултети филология, дотсент Зайниддинзода М. «Ваҳдати миллӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо», мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафа, дотсент Шаъбонов Н.Н. «Таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ» ва муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих, номзади илмҳои таърих Равшанзод М. «Ваҳдат – асоси ягонагии миллат» суханронӣ намуданд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ чанде аз ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатиро пешкаши ҳозирин намуданд.