Муовини ректор оид ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёт

Қодирзода Ф.А. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректори ДМТ оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт

Қодирзода Ф.А. 25-уми ноябри соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2002 ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ ба шуъбаи ғоибонаи аспирантура дохил шуда, соли 2010 шуъбаи мазкурро хатм ва рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Қодирзода Ф.А. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: соли 2007 ҳисобчии хазинавии Депертаменти хазинадорӣ, соли 2009 иқтисодчии дараҷаи 1-уми шуъбаи амалиётҳои амонатии Департаменти сиёсати амонатӣ – қарзии ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Душанбе, соли 2011 сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм, соли 2016 муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, соли 2018 дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва то имрӯз декани факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Белорус.

Қодирзода Ф.А., ҳамзамон, солҳои 2011-2014 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва солҳои 2015-2018 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.

Қодирзода Ф.А. ба тадқиқоти илмӣ машғул буда, беш аз 60 асару мақолаҳои илмӣ, таълимӣ ва илмӣ-оммавиро ба табъ расонидааст. Хизматҳои Қодирзода Ф.А. бо як қатор ифтихорномаву медалҳо, аз ҷумла нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи ДМТ ва Сипосномаи сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ карда шудаанд.