Раҳмоналӣ Шарифӣ: саразм дар осиёи миёна ёдгории беҳамтост!

6685

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ум 5 ҳазору 500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун “Маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” ҷашн гирифта мешавад. Идораи нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” тасмим гирифт, ки дар робита ба ҷанбаҳои таърихӣ ва масъалаҳои омӯзишию ҷустуҷӯии ин шаҳри қадимаи тоҷикон-Саразм суҳбати ихтисосиеро бо декани факултети таърихи Донишгоҳи миллӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Шарифӣ Раҳмоналӣ анҷом диҳад.

-Устоди азиз, аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи пурғановати хеш миёни дигар халқиятҳо маъруф гашта, эҳтироми хосса ба гузаштаи хеш дорад. Хушбахтона, бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2020 сафҳае аз таърихи рӯзгори қадимаи тоҷикон – Саразм ҷашн гирифта мешавад. Чи тавре медонем, Шумо дар мавзеи Саразм ҳафриёт гузаронидед. Қаблан мехоҳем дар мавриди сарчашмаҳои таърихии Саразм маълум гирем.

– Бостоншинос, кашшофи Саразм Абдуллоҷон Исоқов дар асари хеш “Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон” аз сарчашмаҳои таърихии юнонӣ (Арриан “Поход Александра”. Перевод с древнегреч. М.С. Сергеенко // Изд. Академия наук СССР, М.-Л.,1962. III. C. 21, 5, IV, 3, 3.) “Гиёс-ул-луғот”.// ҷ.1. Душанбе, 1987 – С.391. Гередот. История в девятикнигах. Пер. сгреч Ф.Г. Мищенко. // Изд.2, т.1-2. М., 1988, т. 1.-С.204-2015. Диодор. Историческая бибдиотека. кн. ХVII \\Изд. АНСССР, М.-Л.,1962.-С.74,1-2,17,77,5. Фирдавсӣ А. “Шоҳнома” \\ ҷ.VIII, Душанбе, 1966-С.223-224) ба таври умумӣ оид ба ёдгориҳои давраи энеолит ва асри биринҷ маълумот медиҳад. Соли 1972 дар шаҳри Москва китоби академик Б. Ғафуров бо номи “Таджики древнейшая, древная и средневековая история”, ки дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои археологии Тоҷикистон иншо шудааст, чоп шуд.

Дар ин китоб низ дар бораи Саразм маълумоти хеле мухтасар омадааст. Вале дар осори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти фаровон дида мешавад. Лозим медонем, ки ин ҷо иқтибосе аз китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” (Душанбе: “Ирфон”, 2006.- С.31-34) -и Пешвои миллатро ба хонанда манзур намоем: “Дар замони неолит ва асри биринҷӣ водии Суғд аз ҷониби кишоварзон аз худ шуда буд, аммо бошишгоҳҳои он давра ҳама зери хок монда, хароб шудаанд ва то имрӯз дастраси бостоншиносон нагардидаанд. Бостоншиносон дар наздики Панҷакент дар Болооби рӯди Суғд, дар қисмати шарқии канали Варағсар деҳаи одамони давраи сангу мис (энеолит) ва асри биринҷиро дар Саразм кашф карданд. Калимаи “саразм” маънои-сари заминро дорад.

 Осори дар Саразм ёфтшуда, бо тамоми марказҳои мадании он давра Намозгоҳу Олтинтеппа, Мундигаку Шаҳри Сӯхта, Миргару Пирак, Хараппа, Ҳисору Туронтеппа робитаи бевосита дорад. Саразм дар ҳазораи 4 то м. пайдо шуда, тақрибан ду ҳазор сол арзи вуҷуд доштааст. Дар ин муддат он аз як бошишгоҳи маъмули чорводорӣ ба шаҳраки калони кишоварзону ҳунармандон ва тоҷирон табдил ёфтааст. Муҳаққиқони Саразм тахмин мекунанд, ки дар ибтидои ҳазораи 2 то м дар шаҳрак 8 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ менамудааст. Хонаҳои Саразм аз хишти хоми андозаи 50х25х10 см. сохта шуда, аз даруну берун бо лой андова шудаанд. Дар Саразм биноҳои истиқоматӣ, хоҷагӣ, маъмурӣ ва динӣ тадқиқ шудаанд. Ҷойгиршавии биноҳои Саразм ишора ба он менамоянд, ки ба табақаҳои иҷтимоӣ тақсим шудани онҳо шурӯъ шуда буд.

Масалан, биноҳои истиқоматӣ аксаран дар самти шимолу ғарбӣ, маъмурӣ дар бахши ҷанубу шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дуконҳои ҳунармандӣ дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои асосӣ воқеъ будаанд. Нақшаи биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ фарқ доштанд. Биноҳои истиқоматӣ дар атрофи ҳавлӣ воқеъ буданд, ки ин анъанаи хонасозӣ имрӯз ҳам дар тоҷикон идома дорад. Ҳамаи хонаҳо дорои ҳуҷраҳои хоб, анборхона ва ошхона мебошанд. Хонаҳои истиқоматиро аз якдигар тангкӯчаҳо ҷудо мекарданд. Биноҳои маъмурӣ аз толорҳои калони даҳлездор иборат буда, рӯи таҳкурсии хиштин қарор доштанд. Дар Саразм якчанд биноҳои хиштин кашф шуданд, ки онҳоро маъбад номидан мумкин аст. Ибодатгоҳҳо меҳроби мудаввар ё чоркунҷаи баробарпаҳлӯ доранд. Дар маркази меҳроб жарфие мавҷуд аст, ки дар он оташ нигоҳ дошта мешуд. Маъбад ба бузургдошти оташ бахшида шуда буд. Дар Саразм хумдони зарфпазии дуқабата кашф шудааст, ки дар он зарфҳои гуногуни сафолӣ пухта мешуданд. Вуҷуди хумдони мазкур далели мавҷуд будани кулолгарии касбӣ мебошад.

Дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла коркарди мис, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, заргарӣ равнақ ёфта будааст. Саразмиён ба тамоми марказҳои аҳолинишини Шарқи Наздику Миёна алоқаҳои тиҷоратӣ ва маданӣ барқарор карда буданд. Дар ҳазораи 3 то м бахше аз мардум ба кишоварзӣ, киштукори заминҳои обӣ ва лалмӣ, чорводории айлоқӣ машғул буданд. Тамаддуни Саразм тамаддуни шаҳрии он замон буд. Дар Саразм қабри кадбонуи онро кашф намуданд, ки хеле зиндагии давлатмандона дошт. Дар қабр марҷонаҳои тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо, садаф ва ғайра ёфт шуданд, ки аз мақоми зан дар ҷомеаи саразмиён далолат менамоянд. Тақдиси оташ ва гови тур шаҳодати нисбатан возеҳӣ оини саразмиён мебошад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар давраи мазкур саразмиён оташро бузург дошта, онро парастиш мекардаанд ва дини оташпарастиро асос гузошта будаанд (Исаков А. Саразм. – с.126).

Саразм дар ибтидои ҳазораи 2 то м ба монанди дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ гирифтори хушксолӣ шуда, мардуми он ба доманкӯҳҳо ва маҳалҳои ба об наздик кӯч бастаанд”. Бо гузашти солҳо 13 сентябри соли 1976 Ашӯралӣ Тайлонов сокини одии деҳаи Авзалии ноҳияи Панҷакент бозёфти ғайричашмдошт табарчаи биринҷиро аз мавзеи Саразм пайдо кард ва он боис шуд, ки бо сарварии Абдуллоҷон Исоқов дар мавзеи қадимтарини сарзамини имрӯзаи тоҷикон – Саразм ҳафриёти бостоншиносӣ оғоз гардад ва то имрӯз идома намояд.

 -Устод, барои шинохти аслии ёдгории Саразм омӯзишу таҳлили кадом омилҳо муҳим аст?

 -1) Омӯзиши ҳудудаи хронологӣ ва ҷуғрофии Саразм; (2) таъсири мутақобилаи фарҳангҳо дар пайдо ва рушди Саразм; (3) таҳқиқи дурусти қабатҳои маданӣ ва таҳқиқоти стратиграфӣ; (5) ташреҳи профессионалии биноҳо, артефакт ва дигар ашёҳо; (6) сохтори ҷамъиятӣ ва воҳиди маъмурии Саразм ва (7) таркиб ва шумораи аҳолии ёдгории Саразму омилҳои дақиқ намудани суқути ёдгории Саразм лозим аст.

 – Дар мавриди ҳудудаи хронологии ёдгорӣ чиро дар назар доред?

 -Ҳудудаи хронологии Саразм тибқи таҳқиқоти стратиграфӣ ба ҳазорсолаи IV-III қабл аз милод тааллуқ дорад. Саразм ёдгориест, аз қабатҳои зиёди маданӣ иборат аст. Қабати болоии он ба давраи асри биринҷ рост омада, давраи вайроншавии ёдгориро муайян месозад, ки ба ҳазорсолаи III қабл аз милод рост меояд. Қабати якуми он таърихи 5500 сола дорад ба давраи энеолит (асри навини санг) рост меояд.

Муҳаққиқон ба он андешаанд, ки ёдгории Саразм ба асрҳои ҳазорсолаи IV ва қабл аз III тааллуқ дорад ва таърихи 5500-сола доштани онро исбот кардаанд. Дар бораи хронологияи Саразм бевосита осори моддии бадастомада ва ёдгориҳои бисёрқабата, инчунин, таҳлили стратиграфии (як бахши илм оид ба муайян кардани синни нисбии ҷинсҳои кӯҳӣ) худи ёдгорӣ гувоҳӣ медиҳад.

– Таъсири мутақобилаи фарҳангҳо дар рушди Саразм чӣ нақш дорад?

– Таъкид бояд кард, ки Саразм дар танҳоӣ пайдо ва рушд наёфтааст, балки дар зери таъсири мутақобилаи фарҳангҳо раванди генезису динамикаи асоси иқтисодии он бо соҳаҳои ҳунармандии рушдёфта (металлургия, коркарди металл, пухтупази зарфҳои сафолӣ, ашёҳо ва ғайраҳо) ва раванди урбанизасионӣ (шаҳрсозӣ) сурат гирифтааст.

Аслан, вақте мо дар бораи ташреҳи тахассусии биноҳо ва артефакт (бозёфтҳо) ва дигар ашёе, ки аз Саразм пайдо кардаем, назар мекунем, андешаҳо гуногун ҳастанд. Андешаҳо ба он хотир гуногун ҳастанд, ки аз ҳар соҳаи бостонии ҳафриётгузаронидашуда (18 соҳаи бостонӣ) намунаҳои гуногуни архитектектура, кӯча, паскӯча, роҳрав, маҷмари оташ, оташгоҳи мудаввар ва мураббаъшакл, қабр, олоти сангӣ, сафолӣ, биринҷӣ дар шакли суфташуда, дағал, кӯфташуда ва ғайра пайдо шудааст, ки куллан аз ҳамдигар фарқ доранд ва ба осори моддии давраи энеолит ва асри биринҷӣ мансуб аст. Ин давра дар таърихи инсоният марҳалаи бисёр муҳим ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Саразм аз нигоҳи муҳаққиқоне, ки бевосита ба омӯзиши давраи энеолит ва асри биринҷии Осиёи Миёна сару кор гирифтаанд, мисли он аст, ки дар ин ҷо (Саразм) таъсири мутақобилаи фарҳангҳо дида мешавад. Ин таъсири мутақобилаи фарҳангҳо-таъсири мутақобилаи тамаддуни Байнанаҳрайн, Элам ва водии Ҳинд аст.

 Омӯзиш ва таҳқиқи чунин як ёдгории беҳамто ба маънои он аст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ як фазои баҳамтаъсиррасонии байни фарҳангҳо вуҷуд доштааст ва ин боис гаштааст, ки як шакли нави тамаддун пайдо шавад, ки намунаи тамаддуни канори Шарқи қадим аст, ки дар заминаи таъсири фарҳанги иқтисодии худи Байнанаҳрайн, Элам ва водии Ҳинд ба вуҷуд омадааст. Мо инро барои он намунаи тамаддуни канори Шарқ мегӯем, ки ба худ хусусияти хоси фарқкунанда дорад. Яъне, зери таъсири аносири фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дар Саразм кишоварзӣ, ҳунармандии рушдёфта ва раванди урбанизатсионӣ мушоҳида мегардад. Дар Саразм заргарӣ ривоҷ ёфта, намунаҳои гуногуни аз рухом, марҷон, силикат, чақмоқсанг тайёркардашудаи зарф, асбобҳои ороишӣ ва ғайраро вомехӯрем. Коркарди метал низ бо технологияи хоси худ иҷро мешуд. Бо андешаи А. Исоқов бозёфтҳои асбобу анҷоми сангии Саразм қисман ба бозёфтҳои ёдгориҳои замони энеолити Туркманистони Ҷанубӣ, Қаротеппа, Айнатеппа, Намозҷо 1-2, Яланғочтеппа, Геоксюр хеле монандӣ дорад.

 – Оё дар Саразм бостоншиносони хориҷӣ фаъолият кардаанд?

 -Бостоншиносии аврупоӣ ва Русия пешрафта аст. Баъди оғози ҳафриёти Саразм таваҷҷуҳи бостоншиносони хориҷӣ Филлип Колл (1979 аз ИМА) Анри Пол Фракфорт, Бертил Леоне (1979, аз Фаронса) К.К. Ламберг-Карловский (1983, аз ИМА), профессори чинӣ Лян (2019) бештар гаштааст. Бостоншиносони шинохтаи собиқшӯравӣ А. М. Белетнитский, В. М. Массон, Б. А. Литвинский, Р. М. Мунчаев, А. А. Аскаров, Дубова, Виноградова ва дигарон дар ин самт саҳми арзанда гузоштаанд. Дар натиҷаи фаъолияти бостоншиносони дохилию хориҷӣ то имрӯз тахминан 2 га замини Саразм ҳафриёт гардидааст.

 – Саразм чӣ гуна воҳиди маъмурӣ аст?

 -Дар ин маврид андешаҳо гуногунанд. Гуногунии фикрҳо ба манфиати кор аст. Дар ин маврид андешаҳои А. Исоқов, Ю. Ёқубшоев, А.Раззоқов, Ш.Қурбонов, С.Бобомуллоев, Г.Каримова хеле муҳим аст. Омӯзиш ва таҳқиқи андешаҳои бостоншиносони хориҷӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Аз наздик ошно шудан ба ёдгорӣ ва қиёси он бо дигар ёдгориҳои ҳамонасра имконият медиҳад, ки хулосабарорӣ намоем. Кирчо Любов Борисовна яке аз мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ мебошад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳазорсолаи IV-III қабл аз мелоди Осиёи Марказӣ машғул буд. Любов Борисовна дар ин маврид таҳқиқи зиёдеро дар қисмати ҷанубии Туркманистон гузаронида, дар масъалаҳои гуногуни бостоншиносӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Мавсуф дар рисолаи худ ба омӯзиши масоили деҳшаҳр (протогород), ки ба асри биринҷии Осиёи Марказӣ хос мебошад, таҳқиқ намудааст. Андешаи Л.Борисовна аз он иборат аст, ки дар ҳазорсолаи IV -III пеш аз мелод компонентҳои фарҳангии минтақавӣ ё дар Алтинтеппаи Туркманистон ба шакл даромадаанд. Ин масъаларо мавсуф дар асоси бозёфтҳое, ки аз ҳудуди Алтинтеппаи Туркманистон пайдо кардааст, пешниҳод мекунад. Дар асоси омӯзиши дақиқи бостоншиносӣ мавсуф масъалаи бевосита ҳудудаи хронологӣ ва ҷуғрофии ҳамин ёдгории давраи асри биринҷии ҷануби Туркманистонро таҳлил карда, мегӯяд, ки дар ҳамон давра марказҳои бузургтарин майдони аз 8 то 14 га (гектар) заминро фаро мегирифт. Ва дар ҳамин масоҳат ҷойгиршавии аҳолӣ зиёд мешавад. Ӯ мегӯяд гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии заминдор аз ҷануби Туркманистон ба сӯи резишгоҳи Мурғоб ва болооби Зарафшон расидаанд. Ба андешаи ӯ, ин гурӯҳ ба ғайр аз заминдорӣ ва чорводорӣ асоси иқтисодии деҳшаҳрро гузоштаанд. Андешаҳои кашшофи Саразм А.Исоқов дар шинохти ин масъала ба ибораҳои маркази қадими заминдорӣ, деҳшаҳр, шаҳрак, шаҳр ё маркази қадимтарини тамаддуни шаҳрсозӣ, чорводорӣ ва маркази ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна ва Шарқи наздик анҷом меёбад.

Ҳамзамон, ӯ қайд мекунад, ки Саразм натанҳо яке аз қадимтарин тамаддуни кишоварзӣ, маркази ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна, балки маркази тамоми Шарқи Наздик – Эрон, Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон низ ба шумор меравад. Ба андешаи бостоншинос А. Раззоқов Саразм намунаи шаҳри Авро-Осиёист. Барои дарки дурусти воҳиди маъмурии Саразм қиёси он бо ёдгориҳои замони энеолит ва асри биринҷ лозим аст. Соли 2013 дар кишвари Исроил дар ҷараёни кушодани роҳ ёдгорие пайдо мешавад, ки ба давраи асри биринҷ мутааллиқ буда, таърихи 5000 сола дорад. Он бо номи “Шаҳри Ню-Йорки асри биринҷ” маъруф аст. Бостоншиносони исроилӣ он ёдгориро мегаполиси замони антиқӣ мегӯянд, ки аз биноҳои истиқоматии аз санг сохташуда, кӯча, паскӯча, роҳрав, храм ва девори муҳофизати иборат аст. Аз нигоҳи таърихӣ бо Саразм ҳамсиннусол мебошад. Фарқият дар он аст, ки дар он ҷо таъсири маданияти Миср, дар Саразм бошад таъсири маданияти Байнанаҳрайн, Элом ва водии Ҳинд дида мешавад. Деворҳои биноҳои истиқоматии Саразм аз хишти хом бардошта шудаанд. Архитектураи биноҳои ҷамъиятӣ, манзилӣ, парастишгоҳҳо ва устохонаҳои Саразмро метавон Маркази комплексии ба ҷуз кишоварзӣ, ҳунармандии рушдёфта (металлургия, коркарди металл, олоти сангӣ, пухтупази сафол ва ғайраҳо) бо раванди урбанизатсионӣ донист.

 -Устод дар бораи аҳолии Саразми ҳазорсолаи IV-III қабл аз милод чигуна маълумотҳо ҳаст?

 -Албатта, маълумоти дақиқ дар бораи шумораи аҳолии Саразм нест. Чанд далелро бояд таъкид кард. Шаҳри “Ню-Йорки асри биринҷ”-и Исроил аз 65 г. замин иборат буда, тахминан шумораи аҳолиашро 6 ҳазор нафар муайян кардаанд. Л. Б. Кирчо низ аҳолии мавзеи Алтинтеппаро дар ҳазорсолаи III қабл аз милод низ 6 ҳазор нишон додааст. Масоҳати ёдгориро бошад аз 8 то 14 г. медонад. Саразм 100 г. замин аст. А. Исоқов таъкид кардааст, ки дар ҳафриёти Саразм 150 манзили истиқоматиро кушодаем. Манзилҳо ба одамони одӣ, хизматгорон ва ашрофон тааллуқ дошта, вобаста ба мавқеи табақаи иҷтимоӣ хурду калон буда, аз 3 то 9 нафар умр ба сар мебурдаанд. А. Исоқов шумораи аҳолии Саразмро дар 10 маҳалли ҳафриёт 5 ҳазор мегӯяд. Илова мекунад, ки сокинони Саразм дар байни худ рафтуомад доштанд. Даҳҳо ҳавлию се кӯчаи аробагард ва ду кӯчаи пиёдагарди шаҳраки Саразм ёфташуда, ин аз завқи баланди шаҳрсозии ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад

. -Устоди азиз, ин ҷо мехоҳем дар мавриди ковишҳои бостоншиносие, ки Шумо ва чанде аз устодону донишҷӯёни факултети таърих дар Саразм анҷом додед, фаҳмида бошем.

 -Бо назардошти он ки чанд устодони факултети таърих дар Пружаҳои байналмилалии ковиши бостоншиносӣ таҷриба ҳосил кардаанд, бо мусоидати Президенти АИ ҶТ, академик Ф. Раҳимӣ дар Саразм соҳаи бостонии рақами 18 марбути факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дониста шуд. Бостоншиносони ДМТ дар давоми 50 рӯзи тобистони соли ҷорӣ дар Соҳаи бостонии №18 ба ҳафриёти бостоншиносӣ мустақилона машғул шуданд. Ҳамчунин донишҷуёни Донишгоҳои давлатии шаҳри Хуҷанд, ДДОТ низ ҳамчунин ёрдамчӣ дар соҳаҳои бостонии таҳқиқшуда ба поккорӣ машғул шуданд. Бостоншиносони ДМТ дар ҳаҷми 12 Х 12 м соҳаи бостонии №18-ро ҳафриёт намуданд. Мо ба се қабати маданӣ рафтем ва то ҳол намедонем, ки то ба охир чанд қабати дигар вуҷуд дорад. Дар ҳаҷми мазкур ба умқи 1 м расидем. Дар ин ҷо шумораи бештар аз 9 манзили истиқоматӣ, ки деворҳояшон аз хишти хом сохта шудааст ва баландии онҳо як андозаи муайянро доро мебошад, ёфт шуд.

 Инчунин, дар ҷараёни ковиш мо маҷмари оташи мудаввар ва мураббаро пайдо кардем.

 -Муҳимтарин ва нодиртарин бозёфтҳои мо крест (чолиппо)-и аз фирӯза сохташуда аст, ки дар рамзи ҷашни Саразм тасвир шудааст. Фирӯза маънои саодатмандию ғолибиятро дорад. Он крести дандонадор аст. Яъне, он ба таври свастика (рамзӣ) сохта шудааст. Зимни таҳлилҳо маълум гардид, ки он дар қолаб ва сифати хуб сохта шудааст.

Дар баробари ин сарнайзаи биринҷии баргмонанди кӯфташуда, пораҳои зарфҳои сафолии тахрибшуда, муҳраҳо, олоти сангӣ, сангҳои суфтаи барои коркард, тугмаи сафолӣ ва ғайраро низ пайдо кардем.

 Илова бар ин, намунаҳои дигари ашё ба мисли сангҳои гуногуни рухом пайдо шуд. Ин гувоҳи он аст, ки аз рухом шаклҳои гуногуни зарфҳо тайёр карда мешудааст. Бояд гуфт, ки санги рухом бисёр ҳам шаффоф аст. Онҳо бо дидан хеле зебо сохта шудаанд. Инчунин, зимни ковишҳо намудҳои гуногуни сафолпораҳо ёфт шудаанд. Сафолҳое, ки аз Саразм пайдо мешавад, тадқиқи хоссаро мехоҳад. Яъне, мутахассисон бояд муайян кунанд, ки аз кадом намуди гил-лой сохта шудаанду тарзи омодакунии онҳо дар печҳои тафсон чи гуна ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар ҷараёни ковишҳо сарнайза пайдо намудем, ки он аз олоти биринҷӣ омода шудаасту дар ҳолати хуб қарор дорад. Илова бар ин, мо осори бисёр нодире пайдо намудем, ки он аз санги креми омода шудааст. Ҳама ин бозёфтҳоро омӯхта истодааем ва бояд паҳлуҳои гуногуни он аниқ шаванд.

– Имрӯз ҷиҳати анҷом додани корҳои бостоншиносӣ дар Саразм чи мушкилоте дида мешавад?

-Аслан, мушкилиҳо вуҷуд надорад. Масалан, вақте мо сафарбар шудем, ректори ДМТ академик Имомзода М.С., асбобу анҷоми кории моро фароҳам оварданд, дар мавриди таъмини маводи ғизо ва ҷойи хоб кумаки амалӣ расониданд. Ҳамеша аз аҳволи мо пурсон мегардиданд ва, ҳамчунин, ба донишҷӯёне, ки дар ҳафриёт иштирок карданд, имтиёзҳо доданд. Саразм мактаби бостоншиносони тоҷик мебошад, ки ҳар бостоншиноси ҷавон дар ин ҷо кор кунад, метавонад дар дигар ҳафриётҳо бемалол ковиш гузаронад. Метавон гуфт, ки зиёда аз 90 фисади ҳаёти инсоният дар давраи асри санг сипарӣ шудааст, бе омӯзиш ва таҳқиқи Осиёи Миёна таърихи антиқии инсоният маънӣ надорад. Яъне, Саразм дар Осиёи Миёна ёдгории беҳамто аст.

– Ташаккур барои чунин суҳбат.

– Саломат бошед!

 Суҳбаторо Талабшоҳ Иҳромов