Донишкадаи Конфутсий дар назди ДМТ

Донишкадаи Конфутсий дар назди ДМТ аз соли 2008 инҷониб фаъолият мекунад. Донишкада пайваста аз ҷониби раёсати донишгоҳ дастгирӣ меёбад. Барои фаъолияти ин Донишкада шарики ДМТ Донишгоҳи омӯзгории Синзян мебошад.

Тибқи омори соли 2019 дар Марказ 36 нафар устодони забони чинӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тадрис машғуланд. Бо дархости раёсати донишгоҳ ва кумаки Донишкада аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин устодони забони чинӣ барои факултетҳои забонҳои Осиё ва Аврупо, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ молиявию иқтисодӣ устодон даъват шудаанд.

Бо кумак ва дастгирии Донишкада як зумра кормандону устодони донишгоҳ барои ширкат дар конференсияву семинарҳои илмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

Донишкадаи Конфутсий дар назди ДМТ дар дохили бинои факултети фалсафаи ДМТ фаъолият дорад.

Суроға: Маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, бинои № 15, факултети фалсафа