Фалсафа

Мудир -дотсент Ф.Аминов

Тел: 917-22-80-83

Адрес:  Бинои №11. (Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак)

Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа яке аз муассисаи таълимӣ-илмии бонуфуз ва собиқадори донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳанӯз аз давраи таъсисёбии Донишгоҳ фаъолият дорад. Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои равоншиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, баъдҳо академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ А.М. Баҳоваддинов буд.

Кафедра дар тӯли мавҷудияти худ борҳо тақсим ва муттаҳид гардидааст. Дар соли 1956 он ба ду кафедра – кафедраи фалсафаи факултетҳои гуманитарӣ ва кафедраи фалсафаи факултетҳои табиатшиносӣ ҷудо гардид, ки дар мувофиқат бо онҳо сардориашонро доктори илмҳои фалсафа, профессор М.Н.Болтаев ва номзади илмҳои фалсафа, дотсент В.Т.Бобилёв ба зимма доштанд. Соли 1969 бошад, ин кафедраҳо ҷадидан ба як кафедраи ягонаи умумидонишгоҳии фасафа муттаҳид гардонида шуд, ки то соли 1973 доктори илмҳои фалсафа, профессор М.Н.Болтаев сарвариашро бар дӯш дошт. Соли 1973 бори навбатӣ он ба кафедраи фалсафаи факултетҳои гуманитарӣ ва кафедраи фалсафаи факултетҳои табиатшиносӣ тақсим карда шуд, ки аввалиро доктори илмҳои фалсафа, профессор В.И.Приписнов ва дуюмиро – номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ф.М.Турсунзода сарварӣ мекарданд. Соли 1987 кафедраҳои номбурда аз нав ба як кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа муттаҳид карда шуд, ки аз соли 1988 то 2011 Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор С.Н.Наврӯзов сарвариашро бар уҳда дошт.

Кафедра аз ибтидои мавҷудияти худ аз рӯи самтҳои гуногуни фалсафаи назариявӣ ва таърихи фалсафа тадқиқоти илмӣ мебарад. Таҳқиқу баррасии афкори фалсафӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии мутафаккирони тоҷику форс як самти корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра буд ва мебошад.

Ҳоло кафедра асосан аз рӯи ду самт – ҷанбаъҳои гуногуни фалсафаи назариявӣ ва таърихи фалсафа фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мебарад. Як самти корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраро таҳқиқу баррасии афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Шарқи исломӣ ташкил медиҳад, ки дар ин тамоил – Н.Саидов, А.Содиқов, С.Сафарова, Ф.Аминов, М.Ҳайитов, З.Зубайдов тадқиқоти илмӣ мебаранд.

Дар даврони истиқлолияти кишвар, бо ҷаҳду талош ва ибтикороти пайгиронаи кафедра чанд нафар рисолаҳои номзадию докторӣ (А.Зиёев, М.Назаров, С.Сафарова, Ф.Абдулхонов, Ф.Аминов, М.Ҳайитов, Н.Маҳмадиев, Н.Арабзода, Р.Комилов, Л.Николаева, Н.Саидов) дифоъ карданд.

Кафедра дар таълифу таҳия ва мураттабсозии барномаҳои таълимӣ, китоб ва васоити дарсии мактабҳои олию таҳсилоти ҳамагонӣ низ пайваста фаъолона ширкат меварзад. Аксарияти устодони кафедра дар симпозиуму конференсияҳои байналхалқӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд ва фишурдаи матни қазияҳояшон дар маҷмуаҳои илмӣ нашр гардидаанд.

Дар кафедра маҳфили донишҷӯён – «Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат» фаъолият дорад ва дар он мунтазам ҷамъомадиҳои илмӣ-фарҳангӣ доир мегарданд. Бо раҳбарии устодони кафедра донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни фалсафа иштирок мекунанд.

Алъон кафедра, дар радифи омӯзишу баррасиҳои масъалагузориҳои таърихӣ-фалсафӣ, ба таҳқиқи муҳимтарин масоили назариявии фалсафа – нерӯҳои моҳиятии инсон, инкишофи ҷамъият, таҳлилоти сотсиологии муносибатҳои бозаргонӣ, худшиносии илм ва фалсафа, глобализатсия ва гуфтугӯи тамаддунҳо, афкори фалсафии тоҷику форс, ташаккули гуманизм дар Шарқ ва Ғарб, масъалаҳои синергетикаи иҷтимоӣ машғул мебошад. Кафедра ба ғайр аз гузаронидани дарсҳои назариявию амалӣ аз фалсафа бо донишҷӯён ва самаранок бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин, барои магистрантҳо аз фанни «Фалсафа ва методологияи илм», барои аспирантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ аз фанни «Таърих ва фалсафаи илм» дарсҳо низ доир менамояд.