Шуъбаи ҳуқуқ

Мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ДМТ – Қодирзода Далер Сайфулло

Шуъбаи ҳуқуқ ҳамчун воҳиди сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 1948 таъсис дода шудааст.

Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ ба раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар бахшҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Назорати иҷрои қонунҳоро дар соҳаи маориф, ба кормандону омўзгорон, шаҳрвандони корафтода оид ба масъалаҳои бамиёномада маслиҳатҳо додан, мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо сари вақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода намудан, таҳияи босифати муҳлатноки санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои хизматии раёсат, шуъба, бахшҳои донишгоҳ аз ҷумлаи вазифаҳои шуъба мебошад.

Аз таърихи 02.01.2015 бахши ҳуқуқии донишгоҳ ба шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ табдили ном кард.

Дар сохтори шуъба 3 нафар корманд фаъолият менамояд.

Мудирони шуъба:

-аз соли 2001 то 06.02.2013 мудири ин бахши донишгоҳро Нақибов Аҳмадҷон  ба уҳда дошт;

-аз 06.02.2013 то 23.01.2024 ба ҳайси мудири шуъбаи ҳукуқи ДМТ Муминзода Нозим Исмат ба уҳда дошт;

– аз 23.01.2024 мудири шуъбаи ҳукуқи ДМТ-ро Қодирзода Далер Сайфулло ба уҳда гирифтааст.

-мушовир–ҳуқуқшинос–Ҳалимов Музафар Раҳмонович.  

-мушовир–ҳуқуқшинос–Акбарова Зулхумор Муҳиддиновна

Суроғаи шуъба: Бинои асосии ДМТ, ошиёнаи 3-юм, шуъбаи ҳуқуқи ДМТ

Тел: 227-55-13