Шурои олимон

Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи донишгоҳ мувофиқи Низомномаи Шурои олимон ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 06.01.2009, №10-09 дар ҳайати 35 нафар таъсис дода шуда, бо пайдо шудани зарурат ба ҳайати он аъзои нав ворид гардида, фаъолият менамояд. Ба ҳайати Шӯрои олимони донишгоҳ ректор, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ шомил ҳастанд.

Дар Шуро пайваста масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд.

Боиси тазаккур аст, ки баҳри рушду такмили раванди таълим ва тарбияи мутахассисони ҷавон, инкишофи минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ, баланд бардоштани нақши он дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ Шурои олимон масъалаҳои рӯзмарраро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Шурои олимон барои беҳтар намудани раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос диққати махсус медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар сол фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ аз назорати аъзои Шурои олимон гузашта, вазъи раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин бахшҳо дар ҷаласаҳои Шуро баррасӣ мегарданд.

АЪЗОИ ШЎРОИ ОЛИМОНИ ДМТ

Ному насаб Вазифа ва дараҷаи илмӣ
1. Хушвахтзода Қ.Х. (раис) Ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
2. Собирзода Н.М.
(муовини раис)
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим,доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
3. Солеҳзода Г.Д. (котиб) Котиби Шўрои олимон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент
4. Сафармамадзода С.М. Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор
5. Рахмонзода Ҷ. М. Муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои филология,  дотсент
6. Ғаффорзода И.Ғ. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
7. Қодирзода Ф. А. Муовини ректор оид ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
8. Қосимзода С.С. Сардори Раёсати таълим, доктори илмҳои филологӣ, дотсент
9. Рустам Н. Сардори Раёсати илм ва навоварии техникӣ, номзади илмҳои филология, дотсент
10. Раҷабов Т.Р. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ, номзади илмҳои химия, дотсент
11. Андамов Р.Ш. Декани факултети геология,номзади илмҳои геология ва минерология
12. Қосимов И. Л. Декани факултети механикаю математика, номзади илмҳои математика, дотсент
13. Каримов А.И. Декани факултети биология, доктори илмҳои биология, профессор
14. Мухаметов Ғ.Б. Декани факултети филологияи рус, доктори илмҳои педагогика, профессор
15. Шодиев Р.А. Декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои филология, дотсент
16. Маҳмадизода Н. Декани факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, дотсент
17. Мирзозода П. Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент
18. Шамсов И. Декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
19. Қутбиддинов А. Декани факултети журналистика, доктори илмҳои филология, профессор
20. Шарипов Р. Декани факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор
21. Файзуллоев Э. Декани факултети химия, номзади илмҳои химия, дотсент
22. Раҷабзода Ф. К. Декани факултети фарматсевтӣ, номзади илмҳои биология, досент
23. Сироҷиддини Э. Декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор
24. Ҷаъфаров С. Декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент
25. Кодирзода З. Декани факултети физика, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент
26. Исайнов Ҳ. Декани факултети иқтисод ва идора, доктори илмҳои иқтисодӣ,профессор
27. Абдулмуминзода Н.А. Декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
28. Иззатулоев А. Декани факултети тиббӣ
29. Одиназода С. Декани факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент
30. Аминов Ф. Мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
31. Алиева Г. Директории Китобхонаи илмии донишгоҳ
32. Раҷабов С. Директории ИИТ, доктори илмҳои химия, профессор
33. Ғаффоров Ш. Директори литсей, доктори илмҳои филология, дотсент
34. Мирзамонзода Х. Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, доктори илмҳои хуқуқ, профессор
35. Давлатов М. Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ
36. Саидмуродова М.А. Раиси комиссияи тафтишотӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент