Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Маҳмадизода Файзалӣ .
Соли 1953 бо таъсис додани шуъбаи таълим дар сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таркиби қисми таълим, бахши таҷрибаомӯзӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Соли 2006 бошад, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон ба сектори таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон табдили ном намуда, то соли 2008 фаъолияти худро давом дод.
Аз 9-уми декабри соли 2008 дар сохтори нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон таъсис дода шуд.
Раёсати донишгоҳ ва шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон бо 90 корхонаву идораҳо, муассисаву вазоратҳои кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ ба имзо расонидааст.
Дар баробари мавзеъҳои таҷрибаомӯзии Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии ба номи Ҷ.Ҷ.Бузруков (деҳаи Зиддии н.Варзоб), Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб (деҳаи Зиддии н.Варзоб), Фароғатгоҳи таҷрибавии «Ҷавонӣ» (дараи Ромити ш.Ваҳдат), тӯли солҳои 2009-2013 дар донишгоҳ Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ этнологияи факултети таърих (н.Фархор), Маркази биотехнология, лабораторияи таълимӣ-истеҳсолии коркарди сангҳои ороишии назди Парки технологӣ, лабараторияи геоматикаи кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология, студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика ва маркази таълимии мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар назди факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шудаанд.
Донишҷӯён новобаста аз низом ва шакли таълими ДМТ аз рӯи 4 самт таҷрибаомӯзӣ мегузаранд:
- таълимӣ;
- педагогӣ;
- истеҳсолӣ;
- пеш аз дипломӣ
Самти дигари фаъолияти шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони шуъбаи рӯзонае, ки аз ҳисоби буҷети давлат гурӯҳҳои буҷавии донишгоҳро хатм намудаанд, ташкил мекунад.
Дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ 2-юми июли соли 2009, №391 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси қарори тасдиқгардида тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро аз рӯй ихтисос ба роҳ мондааст.
МУҲТАРАМ ХАТМКУНАНДАИ СОЛИ 2018!
Мо аз таваҷҷуҳатон ба аввалин пурсиши миллии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодем.
Дар ин пурсиш хатмкардагони тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ, аз рӯи тамоми ихтисосҳо иштирок менамояд ва мо умед дорем, ки таҷрибаи Шуморо дар бораи таҳсил дар донишгоҳ (донишкада) шунавем.
Мақсади ин пурсиш – ҷамъоварии иттилоот ва афкори хатмкардагон дар бораи таҷрибаи воридшавии онҳо ба бозори меҳнат, ҷустуҷӯи кор, дараҷаи қаноатмандӣ аз таҳсил баъд аз хатм мебошад.
Иттилооте, ки Шумо дар рафти ин пурсиш медиҳед, имкон медиҳад то Ҳукумат, Вазорати маориф ва илм ва донишгоҳу донишкадаҳо дар бораи алоқамандии мактаби олӣ бо бозори меҳнат маълумоти бештар дошта бошанд. Ин иттилоот барои беҳтар кардани низоми таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои бознигарии барномаҳои таълим ва беҳтарсозии/такмили алоқаи мактаби олӣ бо бозори меҳнат хизмат хоҳад кард.
Барои ҷудо кардани вақт ва мусоидат намудан ба баланд бардоштани сифати таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон сипосгузорем.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки саҳифаи интернетии:www.gts-center.tj/wp-includes/onlinepursish.php ворид шуда, пурсишномаро пур кунед.
Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:
Телефон:888 4041, 888 4042, 888 4043, 888 4044
Почтаи электронӣ: gts.center@bk.ru
Бо эҳтиром,
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навор барои сомона:https://www.gts-center.tj/%D0%9C%D0%A4%D0%A5_TJ.mp4
Сомонаи ҳамкор: www.gts-center.tj