ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДМТ

Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори донишгоҳ мансуб меёбад. Шуъба барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба роҳ мондааст.

Шуъбаи кор бо ҷавонон аз мақсад ва вазифаҳои зерин иборат аст:
• Иштирок дар амалӣ гардидани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон».
• Саҳмгузорӣ дар таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии мактаби олӣ оид ба масъалаҳои донишҷӯён.
• Амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷӯён, кормандон ва олимони ҷавон.
• Рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷӯён ва олимони ҷавон.
• Ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён новобаста аз нажод, миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ барои тайёрии касбӣ ва маълумот.
• Ҷалб кардани ҷавонону донишҷӯён ба идора ва роҳбарии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷавонон.
• Тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хат, забо ва урфу одати миллатҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд.
• Ташкил кардани шӯро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои донишҷӯён.
• Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ оиди масъалаҳои ҷавонони эҷодкор ва донишҷӯён.
• Ҷалб намудани фондҳои махсуси гуногун (байналмиллалӣ, ватанӣ), корхонаҳои сарпараст барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва камбизоат.
• Таҳия ва ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оиди беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии донишҷӯён, кормандон ва олимони ҷавон.
• Мусоидат ва саҳмгузорӣ дар самти рушди фарҳангу маданият ва корҳои эҷодии донишҷӯён.
• Дастгирӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои судманд, ки баҳри тараққӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии донишҷӯён нигаронида шудаанд.
• Барқарор сохтани робитаву алоқа ва ҳамкориҳои муфид бо ташкилотҳои марбут ба ҷавонон.
• Ҳимоя ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои донишҷӯён, кормандон, олимони ҷавон ва ташкилотҳои онҳо.
• Омӯзиш ва ба низомдарории пешниҳодоте, ки аз ҷониби донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо дар масъалаи беҳдошти иҷроиши Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сурат мегирад. Дастгирии барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фароѓатии донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо.
• Гузаронидани фестивалҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо, семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигар барои донишҷӯён ва олимони ҷавон.

Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба айни ҳол 2 нафар корманд фаъолият менамояд:
• мудири шуъба; Мардихудо Давлатов
• сармутахассис; Бегмуродзода Д.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

СТРАТЕГИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2020

КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЛОИҲАИ  КУРСИ  «САРВАРОНИ СИЁСӢ»